Назорати давлатӣ дар соҳаи реклама

НАЗОРАТИ  ДАВЛАТӢ  ДАР  СОҲАИ  РЕКЛАМА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» назорати давлатии риояи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ:

– сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд;

– барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;

– фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;

– мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;

– ба  рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон  ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла  қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;

– дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон  ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;

– дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;

– дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 Инчунин, тибқи моддаи  28 Қонуни мазкур иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд.  

Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама:  

– барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд;  

– экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро  ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама  мефиристанд;

– аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.