Назорати давлатии мутамарказияти иқтисодӣ
(иқтибос аз қонунгузорӣ)
Намудҳои назорати давлатӣ аз рӯи мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ
- Бо мақсади роҳ надодан ба маҳдудкунӣ, вайронкунӣ ва бартараф намудани рақобат, қатъ кардани созишнома ё амалҳои вобаста ба дороиҳо, саҳмияҳо ва ҳиссаҳое, ки дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо мебошанд, воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, инчунин шахсони хориҷӣ ё ташкилотҳои хориҷие, ки дар давоми сол воридоти молро ба андозаи зиёда аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, таҳти назорати давлатии зиддиинҳисорӣ қарор дода мешаванд.
- Аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимоя ва рушди рақобат, назорати давлатӣ аз рӯи амалҳои зерин татбиқ карда мешавад:
– таъсис, азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
– ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овози субъекти хоҷагидор;
– ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъекти хоҷагидор;
– аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ба соҳибмулкӣ гирифтан, истифода намудан ва ё ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии истеҳсолот ва ё дороиҳои ғайримоддии дигар субъекти хоҷагидор;
– аз ҷониби шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро дар ҳудуди давлат ва берун аз он иҷро кунад (моддаи 24 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417).