Масъулияти истеҳсолкунанда

МАСЪУЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА

(иқтибос аз қонунгузории соҳа)

 

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чунин масъулияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) барои маълумоти нодуруст доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва оид ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) муќаррар карда шудааст.

Агар ҳангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) имконияти фавран ба даст овардани маълумот муҳаё карда нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад аз фурўшанда (иҷрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натиҷаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мўҳлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблағи барои мол (кор, хизматрасонӣ) пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарҳоро талаб намояд.

Ҳангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда уҳдадор аст мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) – ро, агар аз рўи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурўшанда (иҷрокунанда) баргардонад.

Фурўшандае (иҷрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод накардааст, мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ки баъди ба истеъмолкунанда фурўхтани он ба сабаби дар дасти вай мавҷуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, ҷавобгар мебошад.

Бо сабаби пешниҳод накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай ҳуқуқ дорад ҷуброни чунин зарари пешбининамудаи Қонуни мазкурро, аз ҷумла ҷуброни пурраи зарарҳои ба иншоотҳои табиӣ расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.

Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад. 

Агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома ҷуброн карда мешавад.

Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда)-ро дар асл аз иҷрои ўҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.

Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) исбот намояд, ки ўҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст ва дар ин бобат ў гуноҳе надорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи қонун ё шартнома аз ҷониби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ихтиёрӣ қонеъ гардонида мешавад.

Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурўшандае (истеҳсолкунандае, иҷрокунандае), ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рўёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.