ҶАВОБГАРИИ СУБЪЕКТҲОИ РЕКЛАМА
(иқтибос аз қонунгузории соҳа)
Тибқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама чунин муқаррар карда шудааст:
Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст.
Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад.
Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар мебошад.
Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд.