ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА
(иқтибос аз қонунгузории соҳа)
Тибқи муқаррароти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
– ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
– ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он;
– ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);
– ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);
– ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);
– ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;
– ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд;
– ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;
– ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда).