ams.tj

– Мо ва Ҷомеа –

           

Боиси хушнудиву истиқбол аст, ки ҳамагӣ дар муддати ду моҳ, яъне аз 7-уми майи соли равон то кунун шумораи алоқамандони сомонаи интернетии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон марзи бештар аз 22000 нафарро убур дорад. Бо ин назардошт, барои беҳтару ҳадафмандтар гардидани гузоришҳои сомона ва ба ин васила боз ҳам наздиктар ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунсоҳаи байни Хадамоту ҷомеа, роҳбарияти Хадамот тасмим гирифтааст, ки чандин чорабиниҳои пурманфиату заруриро тарҳрезӣ созад. Аз ин лиҳоз, ба диққати алоқамандони сомонаи интернетии Хадамоти зиддиинҳисорӣ мерасонем, ки ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти кулли самтҳои рӯзгор, минбаъд бахши матбуотии Хадамот дар ҳамоҳангӣ бо мутаххасисони варзидаи раёсату шуъбаҳои дахлдори Хадамот ва дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои марбутаи кишвар дар мавзӯъҳои хеле мубрами “Бозори истеъмолӣ ва мушкилоти он”, “Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда”, “Бозор – нарх – истеъмолкунанда”, “Пурсишу посухи истеъмолкунандаву мутаъхассис” ва ин амсол, силсилаи гузоришҳоро ба роҳ мемонад. Дар ин васила иштироки фаъолона ва назари неки алоқамандони сомонаи Хадамотро таманно дорем.   

Инак, мавзӯи аввал:

 Истеъмолкунанда ҳақ аст!

               Бояд гуфт, ки кунун дар ҳараёни тақвияти муносибатҳои бозорӣ бевосита тағйироти бозор ба вуҳуд омада, мавқеи ҳукмрониро дар бозори истеъмолӣ худи истеъмолкунанда ишғол менамояд. Сиёсати анъанавии фурӯш сифатан тағйир ёфта, ҳои шиори «мефурӯшем ҳар он чӣ истеҳсол карда тавонем»-ро шиори «истеҳсол менамоем, ҳар он чизеро, ки фурухта тавонем» иваз менамояд. Асос барои ташкили ти ҷорат омӯзиши истеъмолоти бозор ва коркарди нақшаҳо оиди қонеъгардонии он ба шумор меравад.

        Корхона, ширкатҳои истеҳсолӣ ва дигар нуқтаҳои истеҳсолкунанда дар ҳолати нодида гирифтани хоҳиши харидорон наметавонанд натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оваранд. Бинобар он, бесабаб нест, ки вобаста ба ин дар доираи маркетинг оиди рафтори харидорон тадқиқот гузаронида мешавад. Амалу рафтори харидор дар ин раванд аз дастрасӣ, тақсим ва истеъмол иборат буда, ҳамзамон ба ҷараёни қабули қарорҳое марбут аст, ки минбаъд рақобатпазирии маҳсулоти бозор дар асоси он ба роҳ монда мешавад.

        Дар ин робита чор усули асосии маънидоди рафтори харидорон ёдоварӣ мешавад:

        1) харидор доиман мустақил аст;

        2) ангеза ва рафтори харидор дар натиҷаи тадқиқот муайян карда мешавад;

        3) ба рафтори харидор метавон таъсир расонид;

        4) рафтори истеъмолкунанда аз лиҳози иҷтимоӣ дар доираи қонун арзёбӣ мегардад.

        Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба рафтору тарзи муносибати харидорон асосан омилҳои зерин таъсир мерасонад: омилҳои муҳити беруна, тафриқаи инфиродӣ, даромад, ангезаҳо, сатҳи зиндагӣ, завқ ва машғулият, тарзи ҳаётгузаронӣ, хусусиятҳои демографӣ, ҳувият ва ин амсол. Мавқеи мухимро дар рафтори харидорон асосан равандҳои равонӣ ташкил медиҳанд, ки маҳз онҳо майли харидорро нисбати интихоби маҳсулот муайян менамоянд.

        Дар баробари ин озодии харидор ба як қатор қонунҳое вобаста аст, ки риояи онҳо на танҳо вазифаи истеъмолкунанда, балки вазифаи ҳар як корхона дар алоҳидагӣ дониста мешавад. Аз лиҳози иҷтимоӣ дар доираи қонун амалӣ гардидани ҳуқуқҳои харидор – кафолати ҳамаҳониба қонеъгардонии талаботи истеъмолкунанда маҳсуб меёбад. Фиреб, сифати пасти молу маҳсулот, мавҳуд набудани ҷавоб ба арзу дархостҳои қонунии истеъмолкунанда, таҳқир ва амалҳои ба ин монанд – поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба ҳисоб рафта, вайронкунандаи қонун бояд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.

        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бевосита аз Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дохилӣ, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сарчашма мегирад. 

      Қонуни мазкур моҳи декабри соли 2004 қабул гардида, муносибатҳои байни истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва хизматрасониҳоро ҳангоми фурӯши мол (иҳрои кор, хизматрасонӣ), ба танзим меоварад ва ҳамзамон ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро доир ба харидани молу маҳсулоти босифат ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, маълумотрасонӣ оид ба мол, ҳимояи давлатию ҳамъиятии манфиати онҳоро муайян месозад.

      Тибқи Қонуни мазкур истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

        – ба гузоришҳои Қонун нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои хеш дастрасии комил пайдо намояд;

        – дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулот маълумот дошта бошад;

        – интихоби молро озодона ва шаффоф ба роҳ монад;

        – ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, дастрасӣ дошта бошад;

        – дар самти таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон саҳм гузорад;

        – дар пешниҳоди таклифу дархост оид ба беҳтар кардани сифати мол ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) нақш дошта бошад.

        Истеъмолкунанда дар  вақти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ба интихоби озодонаи моли хушсифат ҳуқуқ дорад. Истеҳсолкунанда вазифадор аст ба маҳсулоти озуқа мӯҳлати истеъмол муқаррар намояд. Фурӯхтани молу маҳсулот баъди гузаштани мӯҳлати истеъмолӣ комилан манъ аст.

      Талаботе, ки бехатарии молро барои ҳаёту саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда  пешгирӣ менамояд, ҳатмӣ буда, тибқи қонун муқаррар карда мешавад.

        Истеҳсолкунанда вазифадор аст дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол бехатарии молро таъмин намояд.

        Зараре, ки дар натиҳаи таъмин накардани бехатарии мол ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон ҳуброн карда шавад.

        Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (фурӯшанда) вазифадор аст, саривақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол маълумоти зарурӣ ва боэътимоде  пешниҳод намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад.

         Чунин маълумот бояд дар шакли фаҳмо ба забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод шавад.

         Маълумот оид ба мол ба таври ҳатмӣ бояд нишондоди зеринро дарбар гирад:

        –  зикри стандартҳое, ки мол, нишони мол ё нишони хизматии ба қайд гирифташуда бояд ба талаботи ҳатмии ин стандартҳо мувофиқат намояд;

        –  маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ;

        –  маълумот оид ба таркиб (аз ҳумла, номгӯи дигар маводи ғизоӣ, ки дар раванди омодасозии он истифода шудааст), вазн ва ҳаҳми мавод, калорияи озуқа, таркиби моддаҳои барои саломатӣ зарарнок, инчунин қобили истеъмол набудани истеъмоли он ба гирифторони баъзе бемориҳо;

        –  қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатарии молу маҳсулот;

        – муҳлати коршоямии мол ё истеъмоли маҳсулот, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин  маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани муҳлати мазкур ва оқибати имконпазирӣ дар сурати иҳро накардани чунин амал, ба шарте, ки молу маҳсулот баъди гузаштани муҳлати зикршуда барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз рӯи таъинот корношоям шавад;

        – ишораи тарзи тайёр кардани маводи хӯроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борҷомаи онҳо;

        – маҳалли ҳойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ), номи фирмавии истеҳсолкунанда ва маҳалли ҳойгиршавии ташкилот, ки барои қабули шикоятҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ваколатдор карда шудаанд;

        –  маълумот оид ба сертификатсияи ҳатмии мувофиқати мол, инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ.

        Ҳамчунин, истеъмолкунанда аз тамғакоғазҳо низ маълумоти мазкурро пайдо карда метавонанд.

        Дар маводи хурокворие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҳикистон истеҳсол ва ё коркард шудааст, нишон додани суроғаи корхона ҳатмист.

        Истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли дорои сифати номатлуб фурӯхта шуда, фурӯшанда ӯро пешакӣ аз он огоҳ накардааст, ба талаботи зерин бевосита ҳуқуқ дорад:

        – моли корношоям ва маҳсулоти пастсифат ба дигар хел молу маҳсулоти ҳамин гуна тағмаи молӣ, бо назардошти ҳисобрасии дахлдори нархи хариди молу маҳсулот, иваз карда шавад;

        – бо дархости истеъмолкунанда аз тарафи фурӯшанда ё истеҳсолкунанда нуқсони молу маҳсулот бемузд ва бо кафолат бартараф гардад, ё маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн карда шавад;

        –  шартномаи хариду фурӯш бекор карда шавад;

        –  нархи хариди мол мутобиқан кам карда шавад.

       Илова бар ин, истеъмолкунанда комилан ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба истеҳсолкунанда баргардонад ва маблағи барои он пардохташударо талаб намояд.

        Дастрас набудани ҳуҳҳати тасдиқкунандаи молу маҳсулот аз ҷониби истеъмолкунанда, барои амалӣ насохтани талаботи ӯ асос шуда наметавонад.

         Дар ҳолати ошкор гардидани нуқсони мол аз тарафи истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурӯшанда (истеҳсолкунанда) вазифадор аст, ин молро фавран (дар ҳолати зарурӣ тафтиши иловагии сифати молу маҳсулот мумкин аст), дар муҳлати то 14 рӯз пешниҳод гардидани чунин талабот, иваз намояд.

       Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурӯш (ба истеҳсолкунанда баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҳониби фурӯшанда (истеҳсолкунанда) бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Мӯҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рӯзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор аз 7 рӯз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз 14 рӯз зиёд буда наметавонад.

     Дар ҳолати ошкор гардидани сифати пасту корношоямии маводи истеъмолии харидашуда истеъмолкунанда дар навбати аввал метавонад арзу дархости худро ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда (дар шакли хаттӣ, дар хусуси ба таври ройгон иваз кардан ва ё пардохтани маблағе, ки барои хариди он аз ҳониби истеъмолкунанда харҷ шудааст) пешниҳод намояд.

      Дар сурати аз ҳониби фурӯшанда қонеъ нагардонидани талаботи истеъмолкунанда  ва ё ба таври хаттӣ дар давоми 14-рӯз ҳавоб нагирифтан, тибқи қонунҳои ҳорӣ ӯ ҳуқуқ дорад ба мақомоти ҳимоякунандаи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва ё ба суд  муроҷиат намояд.

     Шумо бояд аз ҳуқуқҳои хеш бештар огоҳ бошеду дар ҳолати поймол шудани онҳо вобаста ба вазъияти пешомада амал карда тавонед.

        Бахши матбуоти

Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Ба андешаи мо ин икдоми Хадамоти зиддиинхисори хеле зарур ва саривакти аст. Зеро дар шароити дарёфти роххои нави иктисоди бозоргони, ки яке аз рукнхои аслии рузгори имруза дониста мешавад, дигарбора возех намудани хукукхои истеъмолкунанда хам талаби замон асту хам дархости чомеа. Аз ин ру, гумон мекунем, ки донистани хукукхои истеъмолкунандагон, кафолати сифати молу махсулот, бехатарии махсулоти хуроквори, нархи махсулот ва ин амсол барои хар як шахрванд зарур аст. Дар ин росто, мо кулли иктисодшиносон, донишмандони соха, точирон, сохибкорон ва умуман ашхоси пешбину некдилро даъват менамоем, ки бо Шумо хамкору хамдаст бошанд ва ба андешаи мо ин хамдасти бехтарин тухфа ба чашни 30-солагии Истиклолияти давлати мебошад.

  2. Мо кайхо талабгори ана хамин гуна сахифа будем.

  3. Оре, истеъмолкунанда хак аст. Ташаккур ба дастгириатон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *