ams.tj

«Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ»

Мувофиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин банди 12 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №227 тасдиқ гардидааст ва бо мақсади таҳким бахшидани самти фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси гузаронидани санҷишҳо, фармоиш медиҳам:

  1. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

  2. Сархати ҳаштуми фармоиши Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 2011, №85, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012, №693 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

  3. Фармоиши мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шавад.

  4. Фармоиши мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

  5. Назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи худ вогузор менамоям.

 

Сардори Хадамот                                            И. Вализода

 

 

Бо фармоиши

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» ____________ соли 2018, №____

тасдиқ шудааст



Қоидаҳои

гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ

1. Қоидаҳои мазкур тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, услуби тартибдиҳии санади санҷишӣ, ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисориро муайян намуда, дигар расмиёти пешбининамудаи Қоидаҳои мазкурро ба танзим медарорад.

2. Қоидаҳои мазкур дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №265 (минбаъд-Қоидаҳои намунавӣ) тасдиқ гардидааст, таҳия карда шудааст.

3. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахсони мансабдори дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд – мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ) тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Қоидаҳои намунавӣ ва Қоидаҳои мазкур гузаронида мешаванд.

4. Вайрон намудани қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» муқаррар шудаанд, асос барои беэътибор дониста шудани натиҷаи санҷиш мебошад.

5. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади коҳиш додани хавф барои фаъолияти озоди иқтисодии субъектҳои хоҷагидор, амвол ва саломатии шаҳрвандон, ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои мол ва хизматрасонии молиявӣ, танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ гузаронида мешавад.

6. Вазифаи асосии шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш, пешгирии вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз чумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи инҳисороти табиӣ», «Дар бораи реклама» ва дигар зерсанадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин додани машваратҳо оид ба талаботе, ки нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати дар оянда коҳиш додани хавф дар натиҷаи фаъолияти онҳо ва кам намудани шумораи ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор набояд бо мақсади таъини муҷозоти молиявӣ ё дигар муҷозот ба субъектҳои хоҷагидор гузаронида шавад.

7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бо дарназардошти мавзӯи зерин амалӣ менамояд:

– ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

– танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;

– ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

– танзими фаъолияти рекламавӣ.

  1. ВАКОЛАТ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРЇ

8. Ваколати шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Қоидаҳои намунавӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ, Қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, амалӣ гардонида мешаванд.

9. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:

– санҷишро танҳо мувофиқи қарори қабулнамуда гузаронанд;

– нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои барои омӯзиш ва дигар маводи муваққатан гирифташуда ва баргардонидани саривақтии онҳоро таъмин намоянд;

– ба субъекти хоҷагидор мавзӯъ ва моҳияти вайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардидаро фаҳмонанд, оид ба бартараф намудани онҳо чораандешӣ намоянд, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;

– асоснокии амалҳои худро ҳангоми шикояти субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намоянд;

– тибқи тартиби муқарраргардида оид ба санҷиш дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳо гузоранд.

10. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:

– ҷиҳати амалӣ намудани функсия ва вазифаҳои худ аз субъекти хоҷагидор маълумоти заруриро дархост намуда, гиранд (дар ҳолати зарурӣ бевосита бо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо шинос шаванд);

– дар ҳолати зарурӣ иқтибос гиранд ва ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар бораи қоидавайронкуниҳо санад ва протоколҳо тартиб диҳанд;

– агар азназаргузаронӣ бо санҷиш алоқаманд бошад, бино, таҷҳизот, дигар молу мулкро аз назар гузаронанд;

– агар санҷиш бо риояи талаботи технологӣ алоқаманд бошад, аз раванди технологӣ дидан намоянд.

11. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш принсипҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои дар Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ пешбинишударо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба роҳбарӣ гиранд.

 

3. ТАРТИБИ БАНАҚШАГИРЇ ВА ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲО

12. Тартиби гузаронидани санҷишҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» муқаррар мегардад.

13. Гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ тибқи нақшаи тасдиқшудаи солонаи гузаронидани санҷишҳо амалӣ мегардад.

14. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлати то 1 ноябри соли ҳисоботи нақшаи солонаи санҷишро барои соли оянда таҳия намуда, дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиши тасдиқ мекунад ва дар сомонаи расмии худ ва дар воситаҳои ахбори омма барои шиносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир мекунад.

15. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ аз тарафи мақомоти санҷишӣ дар асоси даврияти гузаронидани санҷишҳо, ки барои ҳар як гурӯҳи таваккал, бо назардошти дараҷаи таваккали ҳар як субъекти хоҷагидор, муқаррар мегардад, таҳия карда мешавад. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал тибқи Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешаванд.

16. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳар нимсола, вобаста ба тағйир ёфтани дараҷаи таваккал ба нақшаи солонаи санҷишҳои нақшавӣ тағйирот ворид менамоянд. Тағйироти мазкур бояд бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа карда шуда, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ гардида, дар сомонаи расмии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва воситаҳои ахбори омма барои шиносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир карда мешаванд.

17. Назорати риояи нақшаи гузаронидани санҷиш ба сардори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ вогузор карда мешавад.

18. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар ду соли аввали фаъолияти онҳо танҳо барои додани машварат ва ёрии методӣ оид ба мавзӯи санҷиш ташриф меоранд.

19. Санҷишҳо аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси қарор дар барои гузаронидани санҷиши нақшавӣ, такрорӣ ва ғайринақшавӣ сурат мегиранд. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз тарафи роҳбарияти мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар шакли фармоиш қабул ва ба имзо расонида мешавад (мутобиқ ба замимаҳои №2, №3 ва №5).

20. Ҳангоми қабули қарор дар бораи гузаронидани санҷиш роҳбари мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бояд ба инобат гирад, ки шахси мансабдори барои гузаронидани санҷиш таъингардида:

– бо роҳбарияти субъекти хоҷагидор ва ё намояндаи он робитаҳои хешутаборӣ надошта бошад;

– дигар ҳолатҳое, ки метавонанд бевосита ё ба восита ба манфиатдории натиҷаи санҷиш сабаб шаванд, ҷой надоранд.

21. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматии шахси мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба шиноскунии ҳатмии субъекти хоҷагидор бо фармоиши кабулгардида оид ба гузаронидани санҷиш ва ворид намудани қайдҳо дар бораи санҷиш ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо оғоз меёбад. Гузоштани қайдҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҷониби шахси мансабдор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

22. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар давоми даврае амалӣ мегардад, ки дар қарор ва огоҳинома оид ба гузаронидани санҷиш нишон дода шудааст (мутобиқ ба замимаи №6).

23. Баъди ба анҷом расидани муҳлати гузаронидани санҷиш, ки дар қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи гузаронидани санҷиш зикр гардидааст, субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисориро ба объекти санҷиш роҳ надиҳад.

24. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъиян тибқи номгӯи масъалаҳои назорати нисбати мавзӯи санҷиши нақшавӣ истифодашаванда гузаронида мешавад. Баромадан аз доираи номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нақшавӣ манъ аст.

25. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар маҳалли бақайдгирии давлатӣ ё дар маҳалли фаъолияти субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.

26. Иштироки субъекти хоҷагидор ё намояндагони ваколатдори он дар объекти гузаронидани санҷиш дар вақти барои оғози санҷиш таъиншуда ҳатмист.

27. Ҳангоми гузаронидани санҷиш субъекти хоҷагидор тамоми ҳуҷҷатҳои дархостнамудаи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисориро марбут ба мавзӯи саиҷиш ва мутобиқи номгӯи масъалаҳои назоратӣ пешниҳод менамояд, инчунин дастрасиро ба ҳудуд, бино, иншоот, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёте, ки субъекти хоҷагидор дар онҳо фаъолияти худро амалӣ менамояд, таъмин мекунад.

28. Дар анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санади санҷишро тибқи талаботи муқаррарнамудаи банди 4 Қоидаҳои мазкур тартиб медиҳад.

29. Санади санҷиш на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мемонад ва нусхаи дуюм ба субъекти хоҷагидор супорида мешавад.

30. Дар ҳолати ошкор намудани таркиби ҷиноят дар фаъолияти субъекти хоҷагидор, нусхаи санади санҷиш ва мавод аз рӯи натиҷаи санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қабули қарор равона карда мешаванд.

31. Оид ба натиҷаҳои санҷиш, ки дар қарор (амрнома) дар бораи натиҷаҳои санҷиш инъикос ёфтаанд, субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 8 Қоидаҳои мазкур метавонад аз болои он шикоят намояд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо шахси мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ қарори (амрномаи) дахлдор оид ба бартараф намудани камбудиҳо қабул менамояд (мутобиқ ба замимаи №7).

32. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш ва пас аз гузаштани муҳлати шикоят, дар ҳолати мавҷудияти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида дар фаъолияти субъекти хоҷагидор мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ чораҳои маъмурӣ меандешад ё маводро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ва ё мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.

 

4. УСЛУБИ ТАРТИБДИҲИИ САНАДИ САНҶИШЇ

33. Санади санҷиш тибқи шакле, ки дар замимаи Қоидаҳои мазкур омадааст, тартиб дода шуда, аз тарафи шахси мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва субъекти хоҷагидор ба имзо расонида мешавад (мутобиқ ба замимаи №1).

34. Санади санҷиш бояд дорои ифодаи муназзами далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ бошад, ки дар раванди санҷиш ошкор гардидаанд ё ин ки мавҷуд набудани чунин вайронкуниҳо.

35. Дар санади санҷиш маълумоти зерин инъикос мегардад:

– маҳаллӣ гузаронидани санҷиш, санаи тартиб додани санади санҷиш;

– мавзӯъ ва намуди санҷиш;

– мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ, ки санҷишро гузаронидаанд;

– дар ҳолати иштироки мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда дар гузаронидани санҷиш – насаб, ном, номи падари ӯ, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, дар ҳолате, ки мутахассиси (коршиноси) мустақил бошад, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, номи ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, рақам ва номгӯи иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро додааст ва муҳлати амали иҷозатнома, дар ҳолате, ки фаъолияти мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда ё фаъолияти ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, бояд иҷозатнома дошта бошад;

– рақами мушаххаси андозсупорандаи субъекти хоҷагидор;

– маълумоти дигари пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор».

36. Санади санҷиш бояд дар ҳомили қоғази бо забони давлатӣ тартиб дода шуда, дорои рақами тартиби бошад.

37. Дар санади санҷишӣ ифлосиҳо, тозакуниҳо ва дигар ислоҳкуниҳо, ба истиснои ислоҳкуниҳое, ки пешакӣ муайян ва бо имзои шахсони дар санад имзогузошта тасдиқ шудаанд, иҷозат дода намешавад.

38. Ҳангоми дар матни санади санҷиш истифода намудани номгӯйҳои ихтисоршуда ва аббревиатураҳои маъмул дар истифодаи аввали ибораи дахлдори он пурра ва баъдан номгӯи ихтисоршуда дар қавсайн қайд мегардад.

39. Санади санҷиш бояд аз се қисм иборат бошад: муқаддимавӣ, тавсифӣ ва ҷамъбастӣ.

40. Дар қисми муқаддимавии санади санҷиш маълумоти умумӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва субъекти хоҷагидори санҷидашаванда инъикос мегардад.

41. Қисми муқаддимавии санад бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи пурра ё мухтасари субъекти хоҷагидори санҷидашаванда шахси ҳуқуқӣ тибқи ҳуҷҷатҳои муассисӣ ё насаб, ном ва номи падари субъекти хоҷагидор- соҳибкори инфиродӣ;

– рақами мушаххаси андозсупорандаи субъекти хоҷагидор;

– санаи баимзорасонии санади санҷиш аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;

– насаб, ном, номи падари шахсони санҷиш гузаронида, мансабҳои онҳо бо қайд намудани номи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки онро намояндагӣ мекунанд;

– асос барои гузаронидани санҷиш (сана ва рақами қарор оид ба гузаронидани санҷиш);

– давраи санҷидашаванда;

– санаи оғоз ва анҷоми санҷиш;

– суроғаи маҳаллӣ ҷойгиршавии субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;

– маълумот дар бораи мавҷудияти фаъолияти иҷозатномашаванда (рақам ва санаи додани иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст, муҳлати оғоз ва анҷоми амалӣ иҷозатнома), дар ҳолате, ки агар намуди фаъолияти санҷидашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷозатнома дошта бошад ва санҷиши чунин масъалаҳо ба номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи он санҷиш гузаронида шудааст, ворид гардида бошад;

– маълумот дар бораи намудҳо фаъолияти воқеан аз тарафи субъекти хоҷагидор амалишаванда, ки мувофиқ ба номгӯи масъалаҳои назоратӣ буда, аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида шудааст, дохил мешавад;

– маълумот оид ба усули гузаронидани санҷиш (азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, таҷҳизот, гирифтани намунаҳо ва таҳлилҳо ва ғайра);

– маълумоти дигари зарурӣ.

42. Қисми тавсифии санади санҷиш дорои ифодаи муназзами далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқнамудаи ҳуқуқвайронкуниҳои дар раванди санҷиш ошкоргардида ё ишора ба мавҷуд набудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин ҳолатҳон бо чунин далелҳо алоқаманд мебошад, ки барои қабули қарори дуруст аз рӯи натиҷаҳои санҷиш аҳамият доранд.

43. Таркиби қисми тавсифии санади санҷиш бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

а) воқеият ва асоснокӣ. Далелҳои дар санад инъикосгардида бояд натиҷаи санҷиш ва таҳқиқи дақиқи гузаронидашуда бошанд, носаҳеҳии далелҳоро истисно намоянд, пуррагии хулосаро оид ба хилофи қонунгузорӣ будани кирдори (амал ё беамалии) субъекти хоҷагидорро таъмин намоянд. Оид ба ҳар як далели ҳуқуқвайронкунии дар санад инъикосгардида бояд инҳо қайд карда шаванд:

– намуди ҳуқуқвайронкунӣ, усул ва дигар вазъияти содиршавии он, даврае, ки чунин вайронкунӣ тааллуқ дорад;

– таснифоти ҳуқуқвайронкунии содиршуда бо истинод ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор вайрон карда шудаанд;

– истинод ба хулосаҳои коршиносон (дар ҳолати гузаронидани экспертиза), протоколҳои пурсиши шоҳидон, инчунин дигар протоколҳое, ки ҳангоми иҷрои амалҳои зарурӣ оид ба гузаронидани санҷиш тартиб дода шудаанд;

б) пуррагӣ ва инъикоси ҳамаи ҳолатҳои назаррас дар санади санҷиш, ки ба далелҳои вайронкунӣ тааллуқ доранд. Ҳар як далели вайронкунии дар раванди санҷиш ошкоргардида пурра ва ҳаматарафа бояд омӯхта шавад. Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии дар санади санҷиш баёнгардида бояд ба натиҷаи санҷиши ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки бо далели овардашуда метавонанд алоқаманд бошанд, инчунин ба натиҷаи ҳамаи дигар амалҳои зарурӣ оид ба амалигардонии санҷиш асос ёбад. Дар санади санҷиш бояд инъикоси ҳамаи ҳолатҳои назаррасӣ мансуб ба ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида таъмин гардад;

в) возеҳият, мухтасарӣ ва фаҳмо будани баён. Ифодаи дар санади санҷиш мавҷуда бояд имконияти тафсири ҳархеларо истисно намояд, ифода бояд кӯтоҳ, возеҳ, фаҳмо ва пайдарҳам бошад;

г) муназзамии баён. Вайронкуниҳои дар раванди санҷиш ошкоргардида бояд дар санади санҷиш бо қисмҳо, бандҳо ва зербандҳо вобаста ба хусусияти вайронкунӣ гурӯҳбандӣ карда шаванд.

44. Санад набояд дорои тахминкунии субъективии ба далелҳои кофӣ асоснаёфта бошад.

45. Қисми ҷамъбастии санади санҷиш (хулоса) бояд дорои маълумоти ҷамъбастӣ оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкуниҳои муайянгардида, инчунин маълумот оид ба зарари дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида ба манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлат расонидашуда бо истинод ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

46. Ба санади санҷиш замима мегарданд:

– қарори қабулгардида оид ба гузаронидани санҷиш;

– номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида шудааст;

– хулосаи коршинос (дар ҳолати гузаронидани экспертиза);

– нусхаи ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳое, ки аз тарафи дигар шахси мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ гузаронида шудааст ва маводи дигари зарурие, ки дар ҷараёни санҷиш гирифта шудаанд.

Санад ва дигар маводҳои дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда аз тарафи шахсони мансабдори сохторҳои маҳаллии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дастрас карда шудаанд, ҷиҳати хулосабарорӣ ва баҳодиҳӣ ба дастгоҳи марказӣ метавонанд пешниҳод гарданд.

47. Маълумоти дар санади санҷиш мавҷудбудае, ки ба сирри тиҷоратӣ (инчунин дигар маълумоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз гардидаанд) тааллуқ дорад, аз ҷониби шахси мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор карда намешаванд, инчунин ба дигар мақомот ё шахсони сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода намешаванд.

48. Дар сурати ошкор намудани сирри тиҷоратӣ (инчунин дигар маълумоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз гардидаанд), шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

5. РАСМИЁТИ БАРРАСИИ ДОХИЛИИДОРАВИИ МУРОҶИАТҲОИ

СУБЪЕКТХОИ ХОҶАГИДОР

49. Муроҷиати субъектҳои хоҷагидор нисбати амал (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамудаи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бояд ба варақаи иттилоотӣ ворид ва бо роҳи додани рақами алоҳида барои ҳар як муроҷиат ба қайд гирифта шаванд. Рад намудан аз қабули муроҷиат манъ аст.

50. Баррасии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор нисбати амалҳо (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамудаи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ройгон мебошад.

51. Муроҷиатҳои ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ воридшуда аз ҷониби шахсони мансабдоре баррасӣ мегарданд, ки тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ масъулият барои баррасӣ намудани чунин муроҷиатҳо вогузор шудааст.

52. Расмиёти баррасии дохилиидоравии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор дар асоси қоидаҳои ва ҳуҷҷатҳои дохилии дахлдор, ки дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ қабул намудааст ва мавриди амал қарор доранд, ба роҳ монда мешаванд.

 

6. РАСМИЁТ ОИД БА БАНАҚШАГИРЇ, ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ ВА МАШВАРАТ БА СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

53. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, бо мақсади кам кардани хавф ва бартараф намудани шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунии имконпазир мусоидат мекунад, ба субъектҳои хоҷагидор то оғози санҷиш, дар ҷараёни санҷиш ва баъди анҷоми санҷиш оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳо медиҳанд.

54. Пешниҳоди машварат ва тавсияҳо ба субъекти хоҷагидор аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар шаклҳои зерин сурат мегирад:

– пешниҳоди маълумоти умумие, ки дар сомонан расмии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҷойгир карда мешавад;

– ба нашр расонидани раҳнамо ва дастурҳои методӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияташон, инчунин брошюра ва плакатҳои иттилоотӣ;

– посухҳо ба саволҳои хаттию шифоҳии субъектҳои хоҷагидор тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё ҳомили коғазӣ;

– гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ.

55. Дар сомонаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ иттилооти мазкур ҷойгир карда мешавад:

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарту талабот нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд;

– нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо бо ҳамаи тағйиру иловаҳои ба онҳо;

– номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо дар соҳаи худ санҷиш мегузаронад;

– маълумот дар бораи ба гурӯҳи муайяни хавфнокӣ мансуб донистани субъекти хоҷагидор, инчунин асосноккунӣ ба ин гурӯҳи хавфнокӣ мансуб донистани он.

56. Иттилооту машваратҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодшаванда бояд дар маҷмӯъ ба кам кардани миқдори ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва кам карданн хавфи содир намудани онҳо равона карда шаванд. Иттилооту машваратҳои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба субъектҳои хоҷагидор псшниҳодшаванда бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок, якхела, дақиқ ва фаҳмо бошанд.

57. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳар сол гузаронидани чорабиниҳоро оид ба фаъолияти машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор бо зикри мавзӯъҳои барои онҳо нисбатан муҳим ба нақша гирифта, ба мақомотҳои ваколатдор дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мавриди шумораи машварату тавсияҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодгардида мунтазам ҳисобот медиҳад.

58. Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ё тавсияи ба таври хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ амал карда истода бошад, субъекти хоҷагидор барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ.

7. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ БАҲОДИҲИИ ТАВАККАЛИ (ХАВФИ) СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО АЗ РӮИ ДАРАҶАИ ХАВФНОКЇ

59. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санҷиши фаьолияти субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба дараҷаи таваккалнокиашон амалӣ менамоянд.

60. Дараҷаи хавфнокии ҳар субъекти хоҷагидор дар асоси меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфнокӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар соҳаи мансуб ба ваколатҳояш таҳия гардидааст, муайян карда мешавад.

61. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор бо дараҷаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурӯҳи субъектҳое, ки дараҷаи таваккалиашон баланд, набояд аз 10 фоиз аз шумораи умумии субъектҳои санҷидашавандаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ зиёд бошад.

62. Расмиёти баҳодиҳии таваккали (хавфи) субъекти хоҷагидор ва меъёрҳои баҳодиҳии дараҷаи хавфнокӣ бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтимолияти расонидани зарар дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ва (ё) саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва манфиатҳои молумулкӣ муайян карда мешавад.

8. РАСМИЁТ ОИД БА БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲО ВА ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТИ ДИГАР АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВОРИДШАВАНДА

63. Субъекти хоҷагидор метавонад нисбати амал (беамалӣ) ва қарорҳои дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулкардаи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тариқи судӣ, ё бо тартиби дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

64. Шикоятҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар шакли хаттӣ тавассути алоқаи почта, номарасон, қабули шахси ё бо тариқи сабт кардани ариза, шикоят ё пешниҳодоти худ дар китоби аризаҳо ва шикоятҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод карда мешаванд.

65. Ба шикояте, ки аз номи субъекти хоҷагидор намояндаи қонунии ӯ пешниҳод менамояд, ваколатномаи аз номи субъекти хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда замима карда мешавад.

66. Шикоятҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ, суроғаи ҷойгиршавии ӯ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр наёфтаанд, ё маълумоти дар онҳо дарҷгардида воқеият надорад, инчунин бе имзо пешниҳод гардидаанд, беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

67. Иҷрои қарор, ки дар натиҷаи санҷиши гузаронидашудаи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ қабул гардидааст, то лаҳзаи қабули қарори дахлдор оид ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.

68. Роҳбари мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ уҳдадор аст, ки шикоятро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:

– қарор дар бораи бетағйир монондани қарор ва қонеъ нагардонидани шикоят;

– қарор дар бораи пурра ё қисман бекор намудан;

– қарор дар бораи бекор карданро қабул намуда, санҷиши иловагиро таъин менамояд.

69. Шикояти субъекти хоҷагидор оид ба натиҷаи санҷиш бояд моҳияти масъалаҳои шикоят ва талаб намудани гузаронидани санҷиши иловагиро пешбинӣ намояд.

70. Қарори роҳбари мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар барои гузаронидани санҷиши иловагӣ, ки ба муроҷиати субъекти хоҷагидор асос ёфтааст, бояд дар давоми 3 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани муроҷиат қабул карда шавад (мутобиқ ба замимаи №4).

71. Санҷиши иловагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» гузаронида мешавад.

72. Шикоятҳои такрорӣ оид ба ҳамон як асос, ки аз рӯи он ҷавоб гардонида шудааст ва дорои ҳолатҳои нави ошкоргардида намебошад, баррасӣ карда намешанд.

9. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ НАМУНАҲОИ МАҲСУЛОТҲО, НИГОҲДОРЇ ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ ОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗА

73. Интихоби намунаҳои маҳсулот аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои гузаронидани ташхис (экспертиза) танҳо дар сурати ғайриимкон будани муайян намудани масъалаи бехатарии маҳсулот аз натиҷаи муоинаи он анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат, шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» санади дахлдор тартиб медиҳад (мутобиқ ба замимаи №8).

74. Ҳамлу нақли намунаҳои интихобшудаи маҳсулот ва шароити нигоҳдории он набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рӯи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, тағйир диҳад.

75. Шахси мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ намунаҳои маҳсулотро барои экспертиза интихоб намуда, ҳифз ва бехатарӣ, пешгирии ифлосшавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳоро ба ҷои гузаронидани ташхис таъмин мекунад.

76. Намунаҳои гирифташуда бояд тавре нигоҳ дошта шаванд, ки хусусияти ташхисиашон тағйир наёбанд, дар ҳолати муайян кардани ифлосшавии микробии маҳсулоти тамъизшуда, пастеризатсияшуда, онҳо бояд дар контейнери (борҷомаи) тоза, ки ҳифзи кофиро аз ифлосии берунӣ ва вайроншавиро дар раванди ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ таъмин мекунад, нигоҳ дошта мешаванд.

77. Намунаҳо дар зарфи истеъмолӣ (қуттӣ, банка, баста ва ғайра) бо нигоҳ доштани борбандии аслии онҳо ба борбандии ғафси рӯшноиногузар (сейф-пакет) печонида мешаванд. Дар ҳолати зарурат ва ба қадри имкон маълумот дар бораи истеҳсолкунандаи маҳсулот аз зарфи истеъмолӣ хориҷ (тамғакоғаз канда, тоза) карда мешавад.

78. Намунаҳо бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё ташкилоти тибқи қонунгузорӣ барои гузаронидани экспертиза ваколатдоршуда ҳарчи зудтар бо риояи чораҳои пешгирикунандаи резиш, хушкшавӣ ва вайроншавии намунаҳо расонида шаванд.

79. Гирифтани намунаҳо маҳсулот, ҳамлу нақл ва расонидани онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё ташкилоти тибқи қонунгузорӣ барои гузаронидани экспертиза ваколатдоршуда дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

80. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад дар бораи гирифтани намунаи маҳсулот шаҳодат диҳад, шикоят кунад ва эродҳои худро изҳор намояд.

81. Санад ва ё хулосае, ки дар натиҷаи экспертиза тартиб дода шудааст, як нусхаи он ба санади санҷиш замима карда мешавад.

82. Субъекти хоҷагидоре, ки бо натиҷаҳои экспертиза розӣ нест, ҳуқуқ дорад бо интихоби худ (аз ҳисоби худ) барои гирифтани хулосаи коршиносӣ оид ба масъалаҳои гузошташуда ба ташкилоти мустақили экспертӣ ё коршинос муроҷиат намояд. Хулосаи коршиносии гирифташуда метавонад ба маводи шикояти субъекти хоҷагидор нисбати қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш замима карда шавад.

83. Шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бояд хулосаи мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ ва натиҷаи ташхисро, ки дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи мақомоти давлатӣ гузаронида шудааст, эътироф намоянд.

 

10. ҶАЛБИ КОРШИНОС, ТАШКИЛОТИ ЭКСПЕРТЇ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР

84. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор метавонанд барои арзёбии мутобиқати фаъолияти аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор амалишаванда ба қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносонро (ташкилотҳои экспертиро) ҷалб намояд.

85. Коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) шахсони дорои дониши махсус, тахассус ва таҷриба дар соҳаи дахлдори илм, соҳаи хоҷагӣ, инчунин дар маҷмӯъ фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси шартнома барои гузаронидани санҷиш ва таҳияи хулосаҳои коршиносӣ оид ба масъалаҳои аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ гузошташуда ҷалб карда мешаванд. Шарти ҳатмии шартномае, ки бо коршинос (ташкилоти экспертӣ) баста мешавад, шарти масъулияти коршинос (ташкилоти экспертӣ) барои дурустии хулосаи коршиносӣ ва мутобиқати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

86. Пардохти ҳаққи хизмати коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ), инчунин ҷуброни хароҷоти онҳо бинобар иштирок дар гузаронидани санҷиш аз ҳисоби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.

87. Вазифаи коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) мусоидат намудан ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла гузаронидани баҳодиҳии мустақили (талабкунандаи донишҳои махсус) фаъолияти субъекти хоҷагидор, инчунин таҳияи хулосаи коршиносӣ аз рӯи натиҷаҳои он мебошад.

88. Ҳангоми гузаронидани экспертиза коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) бояд припсипҳоп зеринро дастури амал қарор диҳанд:

– пурра, ҳамаҷониба, салоҳиятнок, муътамад, асоснок ва қонунӣ будани экспертиза ва натиҷаҳои он;

– холисӣ ва беғаразӣ;

– вобаста набудан аз ҳар шахсе, ки ба натиҷаҳои экспертиза манфиатдор аст;

– масъулият барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертиза;

– риояи сирри тиҷоратӣ дар мавриди маълумоти ҳангоми гузаронидани экспертиза бадастомада.

89. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои ҷалби коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ):

– мавзӯи экспертизаро муайян менамоянд;

– номгӯи масъалаҳоеро, ки бояд дар назди коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) гузошта шаванд, тартиб медиҳанд;

– бо коршинос (ташкилоти экспертӣ) шартнома мебандад.

90. Шахсони зерин ба сифати коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) ҷалб шуда наметавонанд:

– шахсоне, ки шахсони мансабдор ё кормандони субъекти хоҷагидори санҷидашаванда мебошанд ё дар давоми се соли то санаи гузаронидани ташхис корманди субъекти хоҷагидор буданд;

– шахсоне, ки нисбати субъекти хоҷагидори санҷидашаванда манфиатҳои молумулкӣ доранд;

– хешовандони наздики (ҳамсар, бародарон, хоҳарон, падару модар, кӯдакони) роҳбар ва ё молики субъекти хоҷагидори санҷидашаванда.

91. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти (экспертизаи) гузаронидашудаи коршинос (ташкилоти экспертӣ) хулосаи коршиносӣ тартиб дода мешавад, ки тавсифи танҳо он далелҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни гузаронидани экспертиза муқаррар гардида буданд. Хулосаи коршиносӣ бо муҳр ва имзои коршинос (ташкилоти экспертӣ) тасдиқ гардида ба санади санҷиши субъекти хоҷагидор замима карда мешавад.

 

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

92. Баҳсҳо оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вобаста ба риояи талаботи санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор, роҳбари мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.

93. Шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва субъектҳои хоҷагидор барои вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.