ams.tj

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣедератсияи Россия), ки минбаъд Ҷонибҳо номида мешаванд,

бо ироаи минбаъда тавсеа додани ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати рақобат,

бо кӯшиши фароҳам овардани шароитҳои созгор баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Ҷонибҳо,

тибқи принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва манфиатдории тарафайн,

бо таъкиди нақши муайянкунандаи сиёсати рақобат дар мусоидат ба рушди пурсамари иқтисодии давлатҳои Ҷонибҳо,

дар ин бора ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1.

Ҷонибҳо тибқи қонунгузори давлатҳои худ ҳамкориро дар ин самтҳо ба роҳ мемонанд:

– мубодилаи таҷриба дар бобати баррасии парвандаҳои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории кишварҳои худ;

– муовизаи иттилооти ғайримахфӣ, аз ҷумла бо дархости яке аз Ҷонибҳо дар бораи қонунгузорӣ ва истифодаи ҳуқуқ дар соҳаи сиёсати рақобат, вазъияти бозорҳои молии кишварҳои худ;

– мубодилаи таҷриба ва усулҳои такмили тахассуси кормандони Ҷонибҳо;

– мубодилаи таҷриба дар соҳаи адвокатиконии рақобат;

– мубодилаи афкор доир ба масоили бисёрҷонибаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва сиёсати рақобат.

Моддаи 2.

Ҷонибҳо барои рушди ҳамкорӣ дар шаклҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аз он ҷумла бо роҳи:

– баргузории вохурию конфронсҳои дуҷониба ва чорабиниҳо доир ба такмили тахассус;

– иштирок дар фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, Ситоди тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рекламаи назди Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ;

– иштирок дар фаъолияти созмонҳои байналмилалие, ки бо масоили сиёсати рақобат сарукор доранд, аз ҷумла Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, Шабакаи байналмилалии рақобат.

Моддаи 3.

Масъалаҳои баҳсноки байни Ҷонибҳо бинобар тафсир ё истифодаи Ёддошти тафоҳуми мазкурро Ҷонибҳо бо роҳи машварат ҳал мекунанд.

Моддаи 4.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳое ба миён намеорад, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегарданд.

Моддаи 5.

Ҳамкории байни Ҷонибҳо тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур дар асоси қонунгузории давлатҳои Ҷонибҳо роҳандозӣ мешавад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш то анҷоми шаш моҳ аз рӯзи яке аз Ҷонибҳо аз Ҷониби дигар гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз нияти қатъ кардани он мавриди амал хоҳад шуд.

«31» майи соли 2018 дар ду нусха бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба имзо расонда шуд.

Аз Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Хадамоти федералии зиддиинҳисории

(Федератсияи Россия)