ams.tj

Дар бахши маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 28 октябри соли 2016 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия аз ҷониби Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон» ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2017, №111000 (29-3) барои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур аз ҷониби Хадамот лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон» таҳия гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябри соли 2017, №469 тасдиқ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Созишномаи мазкур аз баланд бардоштани сатҳи маърифати истеъмолии аҳолӣ, паҳн намудани донишандузӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунандагон дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ, ташаккули қобилияти интихоби озоди мол (кор, хизматрасониҳо) ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии истеъмолкунандагон аз субъектҳои хоҷагидори бевиҷдони дар ҳудуди давлатҳои-иштирокчиёни Созишнома фаъолияткунанда иборат мебошад.

Инчунин, вобаста ба татбиқи Созишномаи болозикр аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои байниидоравӣ таҳия гардида, он ба густариши ҳамкориҳо, ҷиҳати рушди низоми тартиби паҳн намудани масъалаҳои донишҳои истеъмолӣ ва маърифатнокии молиявӣ дар байни аҳолӣ ба воситаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, ба стандартҳои гуногунсатҳи давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дохил намудани масъалаҳои маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.

Раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

ва назорати фаъолияти рекламавӣ