ams.tj

Танзими нарху навои маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Хоруғ

Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мақсади иҷрои талаботи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи исеъмолкунандагон пешгирии воридшавии молу маъсулоти пастсифат, зараровару ба саломатӣ хатарнок ба бозори истеъмолӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои мутассадӣ дар бозорҳо, мағозаю дуконҳо, дигар нуқтаҳои фурӯш ва ҳамчунин муассисаҳои хӯроки умумӣ корҳои тарғиботи фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Дар рафти гузаронидани рейдҳои муштарак ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маъсулотҳои хӯрокворие, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштааст ва инчунин дар онҳо маълумоти зарурӣ дар бораи мол бахусус санаи истеҳсол, муҳлати истеъмоли хӯрокворӣ, муҳлат ва шартҳои нигоҳдорӣ ва ғайраҳо нишон дода нашудаанд, аз муомилот мусодира гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои дахлдори маъмурӣ татбиқ карда шуданд. Чунин рейдҳо дар муассисаҳои гуногуни хӯроки умумӣ низ анҷом дода шуда, тадбирҳои зарурӣ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда андешида шуданд.

Бояд иброз дошт, ки оид ба танзими нарху навои маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Хоруғ, мағозаю дуконҳои фурӯши маводи хӯрока ва дорухонаҳои шаҳри Хоруғ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда яъне, ҳуқуқ ба бехатарии мол, ба сифати муносиби мол ва пешгирии беасоси болоравии нарху навои маҳсулоти ғизоии аввалияи ниёзи мардум гузаронида, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 287 “Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд”, ба соҳибкорон огоҳнома оид ба беасос баланд бардоштани нархҳо ва надоштани борхат дода шуд.

Азназаргузаронии молу маҳсулот аз ҷониби кормандони Шуъба нишон дод, ки дар бозори шаҳри Хоруғ маҳсулотҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти назорати давлатӣ қарор доранд, ғайр аз маҳсулоти орд (навъи 1 ва 2) нархи дигар намуди маҳсулот дар сатҳи мӯътадил қарор доранд. Маълум аст, ки қисми зиёди маҳсулот, ки ба бозори марказии шаҳри Хоруғ ворид мегардад, аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад. Орди навъи 1 ва 2 асосан аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ворид карда мешавад. Дар худи вилоят бошад, танҳо Комбинати ордбарории ноҳияи Шуғнон фаъолят мекунад, ки он зери назорати Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ нархи орди воридотӣ то ба 200 сомонӣ расида буд. Аз тарафи кормандони Шуъба дар байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нархи орд нисбатан арзон карда шуд.