Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

(иқтибос аз қонунгузорӣ)

 

Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

  1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи рушди бозорҳо ва рақобати фаъолияти соҳибкорӣ масъул буда, вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:

– мусоидат ба рақобати солим;

– огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

– мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;

– назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– андешидани чораҳо оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол;

– назорати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;

– назорати хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки метавонад ба мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд, оид ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди рақобат хулоса медиҳад;

– додани тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳо барои рушди бозорҳои мол ва рақобат  мусоидаткунанда;

– бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳои байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ.

  1. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохтори он бо Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (моддаи 21 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417);