Фаъолияти инҳисорӣ
Мафҳуми фаъолияти инҳисорӣ, намудҳои
созишномаҳои зиддирақобатӣ ва созишномаҳои субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд.
(Иқтибос аз қонунгузорӣ)
– фаъолияти инҳисорӣ – суиистифода кардани субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармоӣ, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашудаи худ, ки бо қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд (моддаи 2 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417);
Намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор
Ба созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор дохил мешаванд:
– созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ва ё рақобаткунандагони эҳтимолӣ дар як бозори мол (созишномаҳои уфуқӣ – картел);
– созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобат надоштае, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигар бошад, молро пешниҳод мекунад ё таҳвилгари эҳтимолӣ ва ё фурӯшандаи эҳтимолии мол маҳсуб меёбад (созишномаҳои амудӣ) (моддаи 6 ҚҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат» 30 майи соли 2017, № 1417).
Созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
1.Бастани шартномаҳо, дигар аҳдҳо, созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои боҳамивазшаванда) амал менамоянд, ҳамчун картел эътироф гардида, манъ карда мешаванд, агар онҳо боиси натиҷаҳои зерин гарданд ё гардида метавонанд:
– муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё амалҳои дигар;
– баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядаҳо ва савдо;
– муштаракона ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, аз рӯи ҳаҷми фурӯш ё харид, аз рӯи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);
– маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;
– маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилоот дар бораи вазъи бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;
– рад намудани бастани шартнома бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;
– ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани шарте, ки барояшон судманд нест ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасос супурдани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома ба онҳо ҳавасманд нестанд ва амалҳои дигар);
– барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
– коҳиш ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷот ё фармоишот, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо вуҷуд дорад;
– муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда мерасонад ё метавонад оварда расонад.
2.Амали субъектҳои хоҷагидор дар он сурат мувофиқашуда эътироф мегардад, ки он бо амали дигар субъектҳои хоҷагидор алоқаманд бошад ва ба тағйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли дахлдор таъсир мерасонад, вобаста набошад.
3.Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.
4.Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозори моли дахлдор байни худ рақобат надошта, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳои амудӣ ё анҷом додани амали мувофиқашуда (ба истиснои созишномаҳои амудие, ки тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур ҷоиз эътироф шудаанд) манъ аст, агар:
– чунин созишномаҳо ё амалҳои мувофиқашуда ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда расонанд;
– чунин созишномаҳо ба муқаррар кардани нархи фурӯши такрории мол таъсир расонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки фурӯшанда ба харидор нархи ниҳоии фурӯши такрории молро муайян мекунад;
– созишномаҳое, ки харидорро барои нафурӯхтани моли субъекти хоҷагидоре, ки рақиби фурӯшанда мебошад, уҳдадор менамоянд.
5.Маҳдудияти мазкур ба шартномаҳо оид ба фурӯши моли дорои тамғаи молӣ ё дигар воситаҳои фардикунонии фурӯшанда ва истеҳсолкунанда паҳн намегардад.
6.Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонанд.
Барои аз мавқеи ҳукмфармо ё монополии худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурўҳи шахсон бо роҳи содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,