ams.tj

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз захираҳои инсонӣ, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастаги калон дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулос, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Имрузҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат барои насли наврас ва қишри ҷавони кишвар дар ҳама соҳаҳо ва самтҳои фаъолияти кории онҳо шароитҳои хуби таҳсил ва кор муҳайё карда шудааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароити муносиб фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомўз дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш бар мегарданд. Аз ин рў онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гўшае канори ҷаҳон низ бошем, фаромўш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии милиямонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фархангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрўз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст. 

Тавре Пешвои миллат қайд менамояд, ҷавононе, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин, масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд. Бинобар ин ҷавонон маҳз, дар синну соли ҷавонӣ ба дастгирӣ ва марҳамату маслиҳати калонсолон эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин, зарур аст, ки истеъдодҳои ҷавонро саривақт дастгирӣ кунем. Барои ташаккули шахсият, ба ҷавонон бовар карда, ба онҳо вазифаҳои масъулро супоридан лозим аст. Натиҷаи инро мо дар марҳалаи ҳозираи ҳаёти ҷумҳуриямон, дар фаъолияти кадрҳои ҷавону болаёқат ба хубӣ мушоҳида менамоем. Ҷавононро зарур аст ки бо қувваи дучанд кор карда, илму ҳунар ва дониш андўхта, таҷрибаи соҳаҳои гуногуни ҷаҳониро аз худ намоянд. Илова бар ин агар ҷавон ҳар қадар, ки қувват ва дониши худро саховатмандона сарфи халқу Ватан намояд, ҳамон қадар бойтару ғанитар шуда, обрўю мартабааш дар байни мардум афзунтар мегардад.

Ҷавонон ҳамчун нерўи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.

Робита ва ҳамкорӣ бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҳукумат маҳсуб мешавад. Таъсис додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, ташкили стипендияҳои президентӣ, ташкили ҷоизаҳои махсус барои олимону ихтироъкорони ҷавон далели муътамади ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Пешвои муазами кишвар имрузҳо дар сатҳи роҳбарикунанда бештар ба ҷавонон тавуҷуҳ намувда истодаанд.

Аз ин лиҳоз маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар кишварамон 23-юми май Рўзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад ва дар доира Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҷаласа ва вохуриҳо ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳое, ки ба муносибати Рўзи ҷавонон баргузор хоҳад гашт, ин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони фаъоли кишвар мебошад. Баргузории ин чорабинии муҳим бори дигар шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус дошта, барои баровардани ниёзҳову ормонҳои онҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Дар ҳар давру замон ҷавонон ҳамчун гурўҳи иҷтимоии бонуфўз ва нерўи тавоно баромад намуда, масъулияти бузургеро бар дўш доранд.

Дар навбати худ ҷавононро зарур аст, дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, пойбанди расму оинҳои бегона нашуда, кӯшиш намоянд то ҳамқадами замон бошанд. Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Тавонанд, ки дар татбиқи сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва бешбурди ҳайёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши назаррас дошта бошанд.

Маҳс дар ин асос имрўз қисми зиёди кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кору фаолият намуда, кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар татбиқи сиёсати зиддиинҳисории кишвар нақши муассир дошта бошанд.

Хулоса, фаромўш набояд сохт, ки имрўзу фардо ва пасфардои ватани азизамон дар дасти мо қишри ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ мо ҷавонон ҳастем ва баҳри ободии ватан аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.

Далери Абдуғафор,

мутахассиси пешбари шуъбаи

корҳои дастгоҳи марказии

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон