Санаи 8 ноябри соли 2024 дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ вохӯрии сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо Гурӯҳи Бонки Осиёии Рушд анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои кӯмаки техникӣ дар доираи лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти танзимкунандаи соҳаи оби нӯшокӣ яъне Хадамоти зиддиинҳисорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Вобаста корҳои иҷрогардида дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин маълумот пешниҳод намуданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкории судманд дар татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда таҳия намудани як қатор санадхои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешбурди самараноки сиёсати зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа омаданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои ҷониби Бонки Осиёии Рушд якчанд нишондодҳоеро ки барои амали гардидани лоиҳа ва беҳтар гардидани самти фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ муҳим арзёбӣ мегарданд пешниҳод намуда, ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ин пешниҳодҳо ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ масъалаи кӯмаки техникии иловагӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо барои таҳияи нақшаи мукаммал ҷиҳати иҷрои лоиҳаи кӯмаки техникӣ ва дар ҳамкории зич пеш бурдани фаъолият омодагии худро изхор намуданд.