Санаи 1 октябри соли 2023 сафари кории сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ноҳияи Шаҳристон сурат гирифт. Зимни сафар сардори Хадамот муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои тадбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, таъмин ва иҷрои нақшаҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ ва бахусус ва иҷрои Нақшаи чорабиноҳо вобаста ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди барасию муҳокима қарор гирифта ҳисоботҳои масъулин шунида шуд.