Санаи 10 июли соли 2025 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2025, №297 «Дар бораи суратҳисоби бонкии эскроу барои тақсимот ва пардохти воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ тавассути низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд», дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу бо пули миллӣ” ва “Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу бо асъори хориҷӣ” аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки миллӣ, КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба имзо расонида шуд.

Суратҳисоби бонкии Эскроу ҳамчун чораи муваққатӣ то ташкили опрератори бозор ё сохтори пурраи ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ ягона суратҳисоби ваколатдор барои гирифтани маблағ аз фурӯши берунӣ ва дохилии неруи барқ тавассути низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, воситаи молиявии суратҳисоби мазкур ба тарафҳои шартнома танҳо дар доираи тартиб ва афзалиятҳои дар Низомнома оид ба расмиёти ичозатдодашудаи истифодаи суратҳисоби бонкии эскроу барои тақсимот ва пардохти воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ тавассути низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, тақсим карда мешаванд.

Айни ҳол иштироккунандагони бозори неруи барқ ҶСК «Барқи Тоҷик» – истеҳсолкунандаи неруи барқ, ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» – интиқолдиҳандаи неруи барқ ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – тақсимкунандаи неруи барқ ба ҳисоб рафта, иҷро намудани талаботи шартномаҳои басташуда барои ин иштироккунандагони бозори неруи барқ татбиқ мегардад.

By ams.tj

Leave a Reply