Ҷаласаро Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки дар ҷаласаи имрӯза як масъала натиҷаи фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Инчунин, Сардори Хадамот бархе аз масъалаҳои асосии фаъолияти Хадамотро дар давраи сипаригардида муҳокима намуда, баъдан суханро барои маърӯза ба муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ доданд.
Аз ҷониби Қурбонзода Сафаралӣ ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 ироа гардида, вазъи бозорҳои молӣ ва нархи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар ҷумҳурӣ маҷмуан муътадил арзёбӣ карда шуд.
Баъдан тибқи регламенти ҷаласа сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамот ва сохторҳои минтақавии он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оид ба натиҷаи фаъолияташон дар давраи сипаригардида ҳисобот доданд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ҷиҳати тақвияти корҳои назоратӣ ва фаъолияти самараноки сохторҳои марказӣ ва маҳаллии Хадамот дар семоҳаи сеюми соли 2025 вазифаҳои мушаххас доданд.
Дар охир бо назардошти анҷом додани корҳои муайяну мушаххас фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.