Санаи 13 майи соли 2025 вохурии Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ бо Гурӯҳи Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.
Сараввал Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба роҳбарият ва Гурӯҳи Бонки Осиёии Рушд барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳори минатдорӣ намуда, ташрифи ҳайати Бонкро ба Хадамот хайрамақдам гуфтанд.
Дар вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии худро иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи кумаки техникӣ як қатор корҳо амалӣ гардида, тибқи нақшаи амал корбарӣ дар самти мукаммал намудани маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идома дорад.
Инчунин барои бозҳам соддаю осон гардонидани фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ як чанд таклифу пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷониби тарафҳо изҳор гардид, ки қобили таваҷҷӯҳи ҷонибҳо буданд.