23-24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи роҳбарони мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи 58-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои-иштирокчии ИДМ баргузор гардид.

        Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин Хайриддин, муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ, сардори раёсати танзими инҳисороти табиӣ ва захираҳои обӣ Абдуллозода Ҳабиб Рустам ва сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ иштирок намуданд. 

        Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаҳои зикргардида бахшида ба 35-солигии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Россия Конфронси байналмилалӣ – ҳайати васеи мушовараи Хадамоти федералии зиддиинҳисории Россия баргузор гардид.

        Дар ҷаласаҳо иҷрои қарори қабулгардида дар аввалин вохӯрии роҳбарони мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай қабулгардида, оид ба  тамоюлҳои сиёсати рақобат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, дар бораи самҳо ва формати кори минбаъдаи мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ва танзими зиддиинҳисории комплекси сӯзишворию энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

        Дар доираи ҷаласаи 58-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ сардори Хадамот Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо нишони фахрии Шӯро сарфароз гардонида шуд.

By ams.tj

Leave a Reply