Рӯзҳои 28-29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи 57-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирочии ИДМ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи сардори Хадамоти зиддииинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва сардорони раёсатҳои Хадамот иштирок намуданд.
Ҳайатҳои кишварҳои ИДМ гузоришро оид ба пешгирии нақзи қонунгузории зиддиинҳисорӣ тасдиқ намуда, истифодаи абзорҳои «ҳуқуқи нарм»-ро баррасӣ намуда, самтҳои нави танзими бозорҳои рақамиро муайян намуданд.
Намояндагони ҳайатҳо таҷрибаи худро дар самти таҳияи сиёсати рақобат мубодила намуда, дар бораи ташаббусҳои миллӣ оид ба такмили танзими зиддиинҳисорӣ суханронӣ намуданд. Ба масъалаҳои рақамикунонӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти кишварҳои ИДМ ба чолишҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар маърузаҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили монополияҳо ва рақобати бевиҷдонона қайд карда шуд. Саъю кӯшиши муштараки кишварҳои ИДМ ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди устувори минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон якдилона раиси нави Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ Алексей Богданов, вазири танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларуcро тасдиқ намуданд.