Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои шабакаи иттилоотии Pressa.tj-ро оид ба вазъи бозории маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу омўзиш қарор дод.
Қайд менамоем, ки Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдор Номгуи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд ва бо Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 тасдиқ гардидааст мунтазам таҳти назорату танзим қарор медиҳад, ки маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ низ шомили гуруҳи номгуи мазкур мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 “Дар бораи Номгўи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд” аз ҷониби Хадамот фаъолияти субъектҳои ба фуруши доруворӣ машғулбуда дар соли 2022-2023 ва 2024 ҷиҳати назорати беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшаванда санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо, далелҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор карда шуда, маблағҳое, ки бе асоснокии иқтисодӣ ва бе риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва нархгузорӣ ба арзиши аслии маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дохил карда шудаанд, ҳамчун даромади дар натиҷаи вайрон намудани қонунгузории зиддиигнҳисорӣ бадастовардашуда арзёбӣ гардида, тибқи қарорҳои дахлдори Хадамот ба Буҷети давлатӣ гузаронида шудаанд.
Вобаста ба ин, дар заминаи ваҷҳои овардашуда дар шабакаи иттилоотии Pressa.tj оид ба ҳолатҳои ҷойдоштаи гуногуннархӣ барои маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар нуқтаҳои фурўши маводи болозикр, корҳои омўзишӣ роҳандозӣ гардида, тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ чораҳои таъсиррасонӣ амалӣ карда мешавад.