11 июли соли ҷори бо оиштироки сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибзода Фарҳод, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Хадамот баргузор гардид.
Дар ҷаласа як масъала ҷмъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро сардори Хадамот оғоз намуда, дар бораи фаъолити Хадамот маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, сипас ҳисоботи роҳборони сохторҳои минтақавӣ ва дастгоҳи маркази шунида шуд.
Дар рафти ҷаласа роҳбарият ба роҳбарони сохторҳои минтақавӣ ва дастгоҳи марказӣ супориш доданд, ки назоратро аз болои нархи маҳсулотҳои аз ҷиҳати ичтимои зарури тақвият бахшида, ҳолатҳои худсарона ва беасос баланд намудани нархҳо пешгири карда шаванд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои танзими нархи муҳсулоти ниези аввал, аз ҷумла орд, равған, шакар, гушт, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, сухишвори ва дигар маҳсулотҳо диқати хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон ба сохторҳои минтақавии Хадамот супориш дода шуд, ки пеш аз рузҳои иду ҷашнҳо дар бозорҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо рейдҳои муштарак гузаронида пеши роҳи беасос болоравии нархи маҳсулот ва ба таҳлука андохтани истеъмолкунандагон гирифта шавад.
Инчуни диққати ҷидди вобаста ба танзими паҳни рекламаҳои номуносиб дар шаҳру ноҳияҳо ва бе иҷозат паҳн кардани рекламаҳо зоҳир карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.