31 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки зимни баргузории ҷаласа сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон, роҳбарон ва намояндагони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар коршиносон дастовардҳои мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, камбудиҳои ҷойдошта ва нақшаи минбаъдаи фаъолияти Шуроро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ аз ҷаласаи 55-ум то ҷаласаи 56-ум натиҷагирӣ карда шуд ва аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки 30 май ҷаласаи нахустини вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти раисии сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон доир шуд.
Ҷаласа бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, котибони Созмони Ҳамкории Шанхай, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносон иштирок намуданд.
Дар баробари ҷаласаи Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ инчунин ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба реклама баргузор гардид, ки дар кори он ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Молдова ва дигар коршиносон иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва сардори Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия Максим Шасколский баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти пешбурди самараноки сиёсати зиддинҳисориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо инчунин ҳамкории оянда вобаста ба табодули таҷрибаи ҷонибҳо дар самти фаъолияти зиддиинҳисорӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва нақшаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.