Рӯзҳои 30-31 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 42-юми Ситоди тавтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 56-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои-иштирочии Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак баргузор мегардад.
Дар баробари ҷаласаи Ситод, инчунин ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз од ба рекламаи назди Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ баргузор мегардад.
Дар ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
- оид ба чорабиниҳои асосие, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардидаанд;
- оид ба фаъолияти Ситоди тафтишоти муштарак оид ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- тасдиқи Гузориш “Оид ба фаъолияти мақомотҳои зиддиинҳсории давлатҳои-иштирокчии ИДМ дар бозорҳои алоҳидаи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар шароити ҳозира;
- ҳамкории Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддинҳисорӣ ва Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа;
- хусусиятҳои танзими фаъолияти реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз ҷониби макомоти ИДМ тасдик намудани маъруза оид ба «Масъалаҳои актуалии инкишофи бозори рекламаи давлатҳои аъзои ИДМ»;
- дар бораи лоиҳаи таҷрибаҳои одилонаи рафтори блогерон ҳангоми ҷойгиркунии таблиғ ва иттилооти пулакӣ;
- дар бораи талабот ба рекламаи қарзӣ бо мақсади пешгирии гумроҳкунии истеъмолкунандагон;
- дар бораи Кодекси таҷрибаи Руссия оид ба таблиғ ва коммуникатсияҳои маркетингӣ;
Дар кори ҷаласаҳои мазкур намояндагони мақомотҳои зиддиинҳисории Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии Евразия, Иттифоқи коргузорони зиддиинҳисории Евразия ва Ассотсиатсияи “Маркази тиҷорати рушди иқтисоди ИДМ ” иштирок менамоянд.
Ҳамзамон, баъд аз нимрӯзӣ вохӯрии якуми роҳбарони мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа муовини Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаноби Соҳайл Хон, роҳбарони мақомотҳои зиддиинҳисории Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Намояндаи Ҷумҳурии Беларус ҳамчун мушоҳидачӣ иштирок менамояд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
- ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории кишварҳои узви СҲШ.
- сохтори ташкилии ҳайати коллегиалии роҳбарони идораҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ.