ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ “ЗИДДИИНҲИСОРӢ”

         Санаи 26-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Зиддиинҳисорӣ” бо иштироки Каримзода Нилуфар – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муминзод Абдулмаҷид-Раиси ташкилоти ибтидоии “Зиддиинҳисорӣ” аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 баргузор шуд.  Дар ҳисоботи раиси ташкилот зикр шуд, ки дар давоми сол аъзоёни ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, таҳкими сиёсати инсондустонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хештаншиносӣ, якпорчагии сарзамин саҳми худро гузоштанд.
      Дар давоми сол бо иштироки олимону коршиносон ва донишмандони маъруфи кишвар соатҳои сиёсӣ баргузор гардид.
    Инчунин, масоили дохилиҳизбӣ: танзими ҳаракати аъзои ҳизб, корбарию коргузорӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.
      Сипас муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Маҳмудов Изатулло устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ тавзеҳ дода шуда, ҳар як банди Паём дар алоҳидагӣ шарҳ дода шуд. Таъкид шуд, ки татбиқи Паёми сарвари давлат ба сифати барномаи мукаммал ё дурнамои рушди яксолаи кишвар рисолати шаҳвандӣ ва масъулияти касбии ҳар корманд аст.

        

Дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  Каримзода Нилуфар – роҷеъ ба тарғиб ва таҳким бахшидани идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва дар ниҳоди насли ҷавон,  ҳифзи идеологияи миллӣ,  пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва якпорчагии сарзамин, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ  нутқ кард.  Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ҲХДТ ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияи тахрибкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез мубориза бурда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми хешро мегузорад.
   Дар интиҳо як қатор фаъолон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

By ams.tj

Leave a Reply