Санаи 4-уми августи соли равон дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ҷараёни кори нишаст роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки Хадамот бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст. Дар 6-моҳаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамот 178 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғйридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ 27 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ 59 адад ва 92 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва ба мувофиқа расонида шудааст.