Бо эҳтирому самимияти хоса ҳар яки шуморо ба муносибати ҷашни мубораки миллии халқамон 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихиву тақдирсози миллат ва рукни асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу осоиштагӣ, файзу баракати рӯзгор ва дар роҳи ободии Ватан комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.Истиқлоли давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба миллати тоҷик насиб гашт, бузургтарин ва муҳимтарин рӯйдоди таърихии замони муосири тоҷикон мебошад. Он саҳифаи наверо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар боз кард ва барои ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳокимият, рушди иқтисоди озод ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум замина гузошт.Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон пас аз як роҳи пурпечутобу сарнавиштсоз насиб гардид ва маҳз ин неъмати бебаҳо буд, ки ба миллати тоҷик имкони таърихии эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу суботи пойдор ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро фароҳам овард.Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизи мо марҳила ба марҳила аз мушкилиҳои сангини сиёсиву иқтисодӣ гузашта, ба як давлати орому пешрафта мубаддал гаштааст. Имрӯз мо шоҳиди амалишавии садҳо тарҳҳои инфрасохторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди устувори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошем.Муҳимтарин дастоварди ин марҳилаи таърихӣ сулҳу суботи устувор, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқи тоҷик аст, ки заминаи воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибихтиёри моро ташкил медиҳад.Ҳамзамон, бо таъмини Истиқлолият ва рушди иқтисоди бозорӣ, зарурати ҳимояи рақобати озод ва манфиатҳои иқтисодии истеъмолкунандагон бештар эҳсос гардид. Дар ин самт, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди махсус, ҷиҳати татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҳифзи муҳити рақобатпазир ва таъмин намудани шаффофияти бозорҳо пайваста иқдомҳои муассир амалӣ менамояд.Мо бо итминон гуфта метавонем, ки раванди таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили муҳити солими рақобат ва дастгирии ташаббусҳои хусусӣ ҳама дар заминаи сиёсати дурбинонаи давлат ва пуштибонии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд.Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик дар баробари расидан ба суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ, ҳамчунин тавонист мероси фарҳангии куҳанбунёд ва арзишҳои миллии худро ба арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.Маҳз бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, имрӯз ҷашнҳо ва арзишҳои фарҳангии миллӣ чун Наврӯз, Чакан, Шашмақом, Фалак ва дигар мероси ғайримоддии фарҳангии тоҷикон ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардида, мақоми байналмилалӣ пайдо карданд.Имрӯз ин мероси фарҳангии миллӣ ҳамчун рамзи ҳувияти тоҷикон ва ҳамзамон арзишҳои умумибашарии инсоният дар саросари ҷаҳон бо эҳтиром ва шукӯҳ таҷлил мегарданд. Ин падида, бешубҳа, яке аз дастовардҳои муҳимми маънавии замони Истиқлол мебошад, ки бо сиёсати фарҳангсолори Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷуҳи доимии он ба ҳифз ва эҳёи фарҳанги миллӣ амалӣ шудааст.Боиси ифтихори бузург аст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи мустаҳкам пайдо намудааст. Аз ҷумла, санаи 25 июли соли 2025 бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳимро таҳти унвони: “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо иттифоқи оро қабул кард.Ин иқдом на танҳо ташаббуси миллии Тоҷикистонро ба сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баровард, балки нишон дод, ки кишвари мо дар баррасии масъалаҳои глобалӣ низ пешсаф ва ташаббускор аст.Дар ин рӯзи шодиву ифтихори миллӣ, ҳамаи ҳамватанон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни муқаддасу бузурги давлатдории миллӣ 34-солагии Истиқлоли давлатӣ сидқан табрик намуда, боварӣ дорам, ки ҳар яки мо бо ҳисси баланди ватандорӣ, диду нигоҳи созанда ва талошҳои пайгирона баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардондани Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон, номи миллату давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд ва меҳру муҳаббат ба Ватан дар қалби ҳар як фарди тоҷик ҷовидона боқӣ монад.Ҷашни Истиқлол муборак, Тоҷикистони маҳбуб!Бо эҳтироми самимӣ,Сардори Хадамоти зиддиинҳисорииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ