АНТИМОНОПОЛЬНАЯ СЛУЖБА ПРИ
ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Эффективный контроль обеспечения качества, безопасность товара,
работы и услуги являются ключевым фактором устойчивого развития
экономики страны и усиление уровня социальной защиты населения
 
Руководство
МУМИНЗОД Абдулмаҷид Мубин аз июли соли 2019 дар мансаби Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

МАЪЛУМОТНОМА

7 майи соли 1979 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон ва соли 2016 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2003- Муҳосиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир»
Соли 2003 – 2006 – Мутахассиси пешбар, сармутахассиси Агенти давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-20011 – Сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2014 – Сардори Раёсати дастгирии соибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2016 – Сардори шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз майи соли 2016 то 23 июли соли 2019 – Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз июли соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

_____________________________________________________________

 
МУЗАФФАРЗОДА Дилшод Музаффар Аз июли соли 2019 дар мансаби муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

МАЪЛУМОТНОМА

10 августи соли 1977 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ, соли 2000 Донишкадаи илмҳои идоракунӣ ва иқтисоди Донишгоҳи Исфаҳони Ҷумҳурии Иломии Эрон, соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2002-Ходими илмии Пажуишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2003-Мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2005-Сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷўён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006-Сардори Идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007-Сардори Раёсати сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмиллалии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2014-Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе
Аз феврали соли 2014 то 23 июли соли 2019-Сардори Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Аз июли соли 2019 то ҳоло-муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

_____________________________________________________________

 
МУСОЗОДА Зайдулло аз июли соли 2019 дар мансаби муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

МАЪЛУМОТНОМА

13 марти соли 1970 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ, соли 1993 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1993-1995-Усто ва прораби колонаи сайёри механикунонидаи №38 шаҳри Кулоб
Солҳои 1995-1996-Устои навбатдори комбинати равғанбарории шарҳи Душанбе
Солҳои 1998-2001-Сардори Хадамоти истифодабарии манзилии қисми низомии 2849 Кумитаи давлатии сарҳади назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
Солҳои 2001-2004-Сардори нуқтаи гузаргоҳи «Кулма» қисми низомии 2701 Кумитаи давлатии сарҳади назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2008-2011-Муандиси категорияи 1-уми муассисаи давлатии сохтмони ва мелоративии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2012-Мудири бахши меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус
Солҳои 2012-2015-Муҳандиси пешбари шуъбаи сохтмони асоси ШСХК «Барқи Тоҷик»
Солҳои 2015-2017-Сардори Раёсати назорат ва таҳлили корҳои сохтумонии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз январи соли 2017 то сентябри соли 2017-Сардори шуъбаи назорат ва таҳлили соҳаҳои андоз, корҳои сохтмонӣ ва хариди давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои назорати буҷети соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз январи соли 2017 то 23 июли соли 2019-Мушовири Сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика оид ба масъалаҳои сохтмон ва иқтисодиёт
Аз июли соли 2010 то ҳоло-Муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон