Дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасӣ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз рафти сохтмони биноҳои ҷашнӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.Дар ин рӯзҳои фараҳбахш бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла Ошхона, Чойхона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, роҳҳои автомобилгард ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба тавсиб расида, 192 банди он барои сохтмони биноҳои таъиноташон гуногун равона гардидааст.Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи буду бош ва шароити зисти афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Шаҳристон дидан намуда, барои беҳтар гардонидани шароити хизматии онҳо масъулинро роҳнамоӣ намуданд.Қайд менамоем, ки бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ороста шуд.Дар охир як қатор афсарону сарбозон барои хизматҳои арзанда, дар ҳифзу ҳимояи Ватан бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.