ams.tj

Ба ободии шаҳри азизамон саҳм мегузорем!!!

Бо ташаббуси шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Ва бо супориши бевоситаи Пешвои миллат роҳбарияти шаҳри Душанбе, иловатан, тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.

Ин буд, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф сохтмони майдончаҳои варзиши дар назди бинои №93/1 хиёбони Рӯдакӣ  воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ва тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, № 74 – Ф дар кӯчаи Айнӣ , назди биноҳои истиқоматии №299 ва №303, шаҳраки 191 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вазифадор гардида буд.

Хадамот майдончаҳои варзишии мазкурро бо як ҳисси баланди ватандустӣ  ва бо пайрави аз сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар муҳлати муқарраргардида ва ҷавобгӯ ба стандартҳои хуби сохтмонӣ сохта дар фазои тантанавӣ  бо иштироки намояндагони мақ омоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони расмӣ  ба истифода дода шуд.

Айни ҳол, Хадамот дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф сохтмони майдончаи варзиширо дар кӯчаи Шероз назди хонаи инфиродӣ  №24/1 воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  №10 идома дода истодааст.

Корҳои сохтмонӣ  дар майдончаи мазкур бомаром идома дошта, ба сифати маҳсулот ва корҳои сохтмонӣ  диққати ҷиддӣ дода мешавад. Роҳбарияти  Хадамот кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар муҳлати муқарраргардида сохтмони иншооти мазкурро ба итмом расонанд.

Ҳамзамон, роҳбарият ва кормандон дар корҳои дигари ободонӣ  аз қабили сабзазор гардонидани атрофи бинои Дастгоҳи марказии Хадамот, шинонидани гулҳои рангоранг дар назди майдончаи бинои Хадамот ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва дар маҷмӯъ сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе, ки бевосита сиёсати марказии раиси шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маҳсуб меёбад саҳм гузошта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум, солимигардонии насли наврас ва оммавигардонии варзиш нақши муассир хоҳад гузошт.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Милати солим—давлати солим!» гуфтаанд….

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *