Таҳти ҳамин унвон санаи 5 сентябри соли 2025 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандони дастгоҳи маркази ва сохторҳои маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, инчунин намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Чорабиниро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни фархундаи миллату давлат 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат ва эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси кишвари амну осоиштаи дунё бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ин роҳ саҳми фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла ҷавонони шуҷоъ ба хубӣ эҳсос мегардад.Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ мо ҳамчунин тавонистем ба ҷаҳониён аз миллатӣ куҳанбунёд будани худ дарак диҳем. Наврӯз, чакан, шашмақом, фалак ва дигар арзишҳои миллию фарҳангии мо мақоми байналмилалӣ гирифтанд ва ҳамчун арзишҳои дорои хусусияти умумибашарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешаванд.Инчунин , 25 июли соли 2025 Маҷмааи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо иптикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.Дар чорабинӣ инчунин аз дастовардҳои замони истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар гардида, таъкит карда шуд, ки мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, ки неъмати бузургтарини зиндагиямон ба ҳисоб меравад ҳамеша омода бошем, беш аз пеш заҳмат кашем ва онро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборӣ Адиба Ҷаббор дар бораи нақши Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонон сухан намуда, қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ҷавони кишвар зиёд гардида, иншоотҳои варзишии сохташуда ба маротиб афзоиш ёфтааст.Ин ҳама пешравиҳо боис гардиданд, ки ҷавонон ва варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ соҳиби медалу ҷоизаҳо гардида, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштаанд.Солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бе назир буда, дар ин давра як қатор барномаву санадҳои соҳавӣ барои тарбияи насли ҷавон дар роҳи хештаншиносию ватандустӣ қабул гардидааст.Дар идома бо фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2025 сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “БАРОИ ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ” ва кормандони ҷавони Хадамот бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.Инчунин, бо таваҷҷуҳ барои саҳми арзанда ва фаъолияти самарабахши меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ, бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Хадамот бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.Чорабинӣ бо нашри навори дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

от ams.tj

Добавить комментарий