Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ, Раиси ноҳияи, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳия баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ иштирокчиен ва тамоми сокинони ноҳияи Шаҳристонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар фаъолияти корияшон барору мувафақият таманно намуданд. Иброз гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро соли оянда ҷашн мегирем мо бояд тибқи нақшаи тасдиқшуда дар ноҳия корҳои ободонию созандагиро идома дода, баҳри ободию сарсабзии Ватани азизамон тамоми чораҳои заруриро андешем.Чорабинии идонаро ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия таровати тоза бахшида, бо сурудҳои дилнишини худ дар васфи Ватан табъи ҳозиринро болида гардониданд.Дар охир аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои арзанда дар фаъолияти корияшон мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла Ифтихорнои Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали хизмати шоиста дар маросими тантанавӣ супорида шуд.