ams.tj

Низомнома оид ба тартиби ташаккул ва татбиќи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо

Замимаи №1

                                                                                                    Бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии

                                                                                                                    Тоҷикистон

                                                                                                 аз “__”______ соли 2017 №__

                                               тасдиќ шудааст   

 

Низомнома

оид ба тартиби ташаккул ва татбиќи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва

 хизматрасониҳо

 

БОБИ 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи мазкур фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машѓуланд, фаро мегирад.
  2. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ аз тарафи истеҳсолкунандагон мустаќилона ё дар асоси шартнома бо истеъмолкунандагони маҳсулот (хизматрасонӣ) муќаррар карда мешавад ва ҳангоми ҳисоббаробаркунии истеҳсолкунандагон бо кулли истеъмолкунандагон, ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ (ѓайр аз аҳолӣ), аз он ҷумла бо миёнаравҳо (бо иштироки корхонаю ташкилотҳои таъминотию фурӯшанда, хариду фурӯш ва дигарҳо) бо назардошти андозҳои амалкунанда татбиќ мегардад.
  3. Нархҳои озод (фурӯш) ба молҳои ниёзи мардум аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳо бо назардошти андозҳои амалкунанда мустаќилона ё дар асоси шартнома бо мувофиќаи субъектҳои хоҷагидор ё миёнаравҳое, ки молҳоро ба аҳолӣ ё истеъмолкунандагони ѓайрибозорӣ мефурӯшанд, муќаррар карда мешаванд.
  4. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва нархҳои озоди фурӯш бо назардошти вазъи бозор, талабот ва пешниҳодоти вуҷуддошта, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (хизматрасонӣ) ва молҳо бо шарти ирсоли франкию истгоҳӣ (бандар), муайян гардида дар ҳолати дар як шаҳр фурӯхтан франко – анбори корхонаи таҳвилгар муайян карда мешавад. Бо мувофиќаи тарафҳо ҷоиз аст шартҳои дигари таҳвили молҳо, маҳсулот (хизматрасонӣ) ќабул карда шавад.
  5. Бо маќсади маҳдуд ва пешгирӣ намудани фаъолияти инҳисорӣ, раќобати бевиҷдонона, ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои самарабахшии бозорҳои молӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз болоравии беасоси нархҳо (тарифҳо) ба молҳои (хизматрасониҳои) аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, танзими давлатии нарх ва тарифҳо татбиќ карда мешавад.
  6. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) нисбати Номгӯи мол, маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки ба онҳо танзими давлатии нарх ва тарифҳо амалӣ мегардад, ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба Номгӯи мазкур таѓйирот ворид карда мешавад.
  7. Дар таркиби нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ ва нархҳои озоди фурӯш ба молҳои ниёзи мардум арзиши аслӣ, даромаднокӣ ва андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳое, ки аз фоида пардохт мегарданд) ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба нархҳои озоди фурӯши молҳои ниёзи мардум, ки пардохти андози аксизӣ муќаррар шудааст, маблаѓи меъёри муќарраргардидаи андози аксизӣ низ ҳамроҳ карда мешавад.

Фоида (зарар) аз фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо тибќи нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ҳамчун фарќияти байни маблаѓи фурӯш (бе андозҳои амалкунанда ва аксиз) ва хароҷот, ки ба арзиши аслии маҳсулот, молҳо ва хизматрасониҳо дохил мешаванд, мутобиќи тартиби муќаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шуда, бо назардошти хусусиятҳои хоси соҳаҳо муайян карда мешавад.

  1. Дар асноди ҳисоббаробаркунии маҳсулоти фурӯхташаванда (молҳо ва хизматрасониҳо) маблаѓи андозҳои амалкунанда дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.
  2. Нархи маҳсулот ва молҳое, ки ба воситаи миёнаравҳо (ташкилот ва корхонаҳои хариду фурӯш, таъминотию фурӯшанда) таҳвил мегардад, бо назардошти нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ва иловапулии таъминотию фурӯш муайян карда мешавад.
  3. Дар таркиби иловапулии таъминотию фурӯш хароҷоти муомилот, фоида ва андозҳо, ки ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муќаррар намудааст, ба назар гирифта мешаванд.
  4. Нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ба маҳсулоти (молҳои) воридотӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулот (молҳо)-ро аз таҳвилкунандагони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, бо назардошти ваъзи бозор, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (молҳо) муќаррар карда мешавад. Дар таркиби ин нархҳо бояд арзиши воридотӣ (арзиши молнома), ки дар ҳисобномаи таҳвилкунанда нишон дода шудааст, бо ҳисоб кардан ба асъори миллӣ – сомонӣ тибќи ќурби муќаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт, бо иловаи тамоми хароҷот оид ба расонидани маҳсулот (молҳо), инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳои, ки аз фоида пардохт мегарданд), пардохтҳои гумрукӣ ва подоши ташкилотҳои робитаҳои иќтисодии хориҷӣ ва дигарҳо, ки хариди маҳсулот (молҳо) – ро анҷом додаанд, ба назар гирифта мешавад. Мутобиќи замимаи №1 Низомномаи мазкур, намунаи муайян намудани нарх ва андозҳои амалкунанда ба молҳои воридотӣ муќаррар карда шудааст.
  5. Мутобиќи талаботи ќонунгузории амалкунанда ҷиҳати пешгирии болоравии беасоси нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ ба мол, маҳсулот (хизматрасониҳо) – и аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, танзими давлатии нарх ва тарифҳо ҷорӣ карда мешавад.

 

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ НАРХҲОИ ОЗОДИ ЧАКАНА БА МОЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ ВА ВОРИДОТИИ НИЁЗИ МАРДУМ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

 

  1. Нархҳои озоди чакана ба молҳои ватанӣ ва воридотии молҳои ниёзи мардум дар асоси нархҳои озоди фурӯш (бо назардошти андозҳои амалкунанда) ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.
  2. Ҳангоми ба аҳолӣ фурӯхтани маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, нархҳои озоди чакана дар асоси нархҳои озоди фурӯш ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.
  3. Нархҳои озоди чакана аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, ки фурӯши чаканаи молҳоро ба аҳолӣ амалӣ мекунанд, мутобиќи банди 13 Низомномаи мазкур, ба истиснои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, ки ба онҳо танзими давлатии нарх амалӣ мегардад, муайян карда мешавад.
  4. Ҳангоми ба воситаи миёнаравҳо таҳвил намудани мол ё маҳсулот ба фурӯшанда, нархи озоди чакана аз нархи харид, ки мутобиќи банди 9 Низомномаи мазкур ва иловапулии савдо муайян шудааст, ташаккул меёбад.
  5. Иловапулии савдо аз ҷониби фурӯшанда дар асоси ваъзи бозор муайян карда мешавад. Ба иловапулии савдо хароҷоти муомилот, фоидаи ташкилоту корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳои, ки аз фоида пардохт мегарданд) дохил карда мешаванд.
  6. Ҳангоми аз тарафи корхонаҳои савдои яклухт ба корхонаҳои савдои чакана фурӯхтани молҳои ватанӣ ва воридотӣ, ҳисоббаробаркунӣ ба молҳои фурӯхташуда бо нархҳои озоди фурӯш (бо назардошти андозҳои амалкунанда) ва ба он изофа кардани иловапулии яклухт, ки аз ҷониби корхонаҳои савдои яклухт бо мувофиќаи корхонаҳои савдои чакана ва ѓайра, инчунин соҳибкорони инфиродие, ки молро ба аҳолӣ мефӯрушанд, муайян карда шудааст, анҷом дода мешавад.
  7. Арзиши мавод ва ќисмҳои эҳтиётие, ки субъектҳои хоҷагидори бо нархҳои озоди фурӯш ба аҳолӣ хизматрасонанда мегиранд, аз тарафи фармоишгарон ҳангоми иҷрои фармоиш барои тайёр ва таъмири маснуот бо ин нархҳо ва бо изофа намудани иловапулии савдо, ки мутобиќи банди 17 Низомномаи мазкур муайян гардидааст, пардохт карда мешавад.
  8. Бо ҳамин тартиб нархҳои озоди чакана ба маҳсулоте, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидори ба аҳолӣ хизматрасонанда фурӯхта мешавад, муайян карда мешавад.
  9. Тарифҳои озод ба хизматрасониҳо барои аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки ин гуна хизмат мерасонанд, дар асоси ваъзи бозоре, ки дар минтаќаи мазкур ба вуҷуд омадааст, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии хизматрасонии пешниҳодшаванда ташаккул меёбад.
  10. Дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, нархи иловагӣ ба нархҳои озоди (хариди) чакана ба ҳамон тартибе, ки дар корхонаҳои савдои чакана мутобиќи банди 13 Низомнома ташаккул ёфтаанд, истифода мешавад.

 

 

БОБИ 3. УСУЛҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ

НАРХҲО (ТАРИФҲО)

 

  1. Танзими давлатии нархҳои (тарифҳои) маҳсулот молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо бо чунин усулҳо амалӣ карда мешаванд:

– муќаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

          – муќаррар намудани сатҳи ниҳоии нархи фурӯши чакана;

– муќаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ;

Мёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо, аз ҷониби маќомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муќаррар карда мешаванд.

  1. Танзими давлатии нарх (тариф) бо муќаррар намудани маҳдудияти иловапулии савдо ба нархи озоди яклухти фурӯш, сатҳи ниҳоии нархи чакана (тариф) ё сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба муҳлати муайян татбиќ карда мешавад.

Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, мол ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми як моҳ 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо муваќќатан ҷорӣ карда шуда, хусусияти доимамалкунда надорад. 

 

БОБИ 4. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ АСНОД

  1. Нархҳои (тарифҳои) озоди фурӯш ва яклухт дар Протоколи мувофиќати нарх сабт мегардад, ки он аз тарафи роҳбарони (соҳибмулки) корхонаҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои истеъмолкунанда имзо мегардад. Намудҳои протоколҳои мувофиќат дар замимаҳои №2 ва №3 Низомномаи мазкур оварда шудааст. Мумкин аст, ки нархҳои (тарифҳои) муайянкардашудаи мазкур дар шартномаҳо оид ба таҳвили мол, маҳсулот (хизматрасонӣ) зикр гардад. Шартномаҳо бо ашхоси алоҳидаи ҳуќуќӣ (истеҳсолкунандагон ё истеъмолкунандагон) тибќи ќонунгузории гражданӣ ба расмият дароварда шаванд.
  2. Аломати нархҳои озоди чакана дар нархҳои молҳо ё нархномаҳо, ки дар маѓозаҳо гузошта мешаванд, аз тарафи субъектҳои хоҷагидори савдои чакана ҷорӣ карда мешавад.
  3. Аломати нархҳои озоди чакана мустаќиман дар маҳсулот, тамѓаю борбандҳои молҳо, тамѓаќоѓазҳо ва шиносномаҳои техникӣ (ба молҳои таъиноти маданию маишӣ ва хоҷагӣ, ки бо шиносномаи техникӣ истеҳсол мешаванд), инчунин дар тасмаҳои назоратӣ барои корхонаҳои истеҳсолкунанда, ҳатмӣ нест.

 

БОБИ 5. ТАЃЙИРИ НАРХҲО ВА ТАРИФҲОИ ОЗОД (БОЗОРӢ)

  1. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва фурӯшро ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ (хизматрасонӣ) ва молҳои ниёзи мардум бо мувофиќаи байни истеҳсолкунанда (таҳвилкунанда) ва ниёзманд (истеъмолкунанда) вобаста ба болоравии (пастшавии) нарх ба ашёи хом, мавод, дигар омилҳое, ки ба таѓйир ёфтани хароҷот ба истеҳсол ва фурӯши молҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо таъсир мерасонанд, таѓйир додан мумкин аст.
  2. Тартиби таѓйир додани нархҳоро дар шартномаи таҳвили молҳо муќаррар намудан мумкин аст.
  3. Дар ҳолати таѓйир ёфтани талабот ва пешниҳодот ба молҳои ниёзи мардум, нархҳои озоди чакана метавонанд аз тарафи фурӯшанда вобаста ба ваъзи бозор таѓйир дода шавад. Дар ин маврид паст кардани нархҳои озоди чакана аз ҳисоби фурӯшанда амалӣ мегардад.
  4. Нархҳои нави озоди чакана аз ҷониби фурӯшанда таѓйир дода мешаванд.

 

БОБИ 6. НАЗОРАТ АЗ РӮИ РИОЯИ ТАРТИБИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ АЗ РӮИ РИОЯИ ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ТАТБИЌИ НАРХУ ТАРИФҲОИ ОЗОД БА МАҲСУЛОТИ ТЕХНИКӢ, МОЛҲОИ НИЁЗИ МАРДУМ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

 

  1. Назорат аз рӯи дурустии муайянкунӣ ва татбиќи нархҳои (тарифҳо) танзимшаванда барои молу маҳсулоти ниёзи мардум ва хизматрасониҳо аз ҷониби маќомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Маќомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои омор, гумрук ва кишоварзӣ маълумоти дахлдорро оид ба содирот, воридот ва истеҳсоли маҳсулот ба маќомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод намуда, барои дастрас намудани иттилооти зарурӣ мусоидат менамоянд.

 

 

БОБИ 7. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМАИ МАЗКУР

  1. Ба вайронкунии тартиби ташаккул ва татбиќи нархҳо (тарифҳо), чунин амалҳои шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ дохил карда мешаванд:

– риоя накардани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

– риоя накардани сатҳи ниҳоии нархҳои (тарифҳои) фурӯши мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо;

– риоя накардани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

  1. Шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ барои риоя накардани Низомномаи мазкур мувофиќи талаботи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                                                               Замимаи №1

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул ва

                                                                                     татбиќи нарху  тарифҳои озод ба

                                                                                  маҳсулоти  таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

Намунаи

муайян намудани нархҳо ба молҳои воридотӣ аз

мамлакатҳои хориҷии наздик ва дур

 

  1. Арзиши ќарордодии молҳо, ки аз ширкатҳои хориҷӣ харида мешаванд, бо шумули хароҷоти расонидан то сарҳад, ки бо асъори миллӣ тибќи ќурби муќарраргардида ҳисоб карда мешавад;
  2. Хароҷоти наќлиётӣ оид ба расонидани молҳо аз сарҳад то истгоҳи муайяншуда;
  3. Пардохтҳои гумрукӣ, ки ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муќаррар кардааст (аз ҷумла маблаѓи аксиз барои молҳои зераксизӣ);
  4. Хароҷоти муомилот,

аз он ҷумла:

а) музди меҳнат ва пардохтҳои иҷтимоӣ;

б) хароҷоти наќлиёт;

в) пардохтҳои суѓуртавӣ;

г) фоизҳои ќарз;

д) хароҷоти нигоҳдорӣ;

е) корҳои борбардорию борфурорӣ;

ж) хароҷоти фурӯш;

з) подоши комиссионӣ;

и) пардохти барасмиятдарории гумрукӣ;

к) дараҷаи фоиданокӣ.

Таносуби хароҷотҳои муомилот нисбати нархи хариди озод фоизи иловапулии савдоро ташкил медиҳад (б.5/б.1+б.2+б.3+б.4)

  1. маблаѓи андозҳо

(б.4х меъёри андозҳо)

  1. Нархи озоди ҳадди аќал

(б.1+б.2+б.3 + б.4+ б.5)

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи №2

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул ва

                                                                                     татбиќи нарху  тарифҳои  озод ба

                                                                                  маҳсулоти  таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

Роҳбари __________                                                     Роҳбари ______________

__________________                                                      ______________________

__________________                                                      ______________________

корхонаи (иттиҳодияи)                                                корхонаи (иттиҳодияи)                             

истеъмолкунанда                                                          истеҳсолкунанда

(фармоишдиҳанда)                                                       (таъминкунанда)

Имзо ________________                                               Имзо ________________

                  (ном ва насаб)                                                                              (ном ва насаб)

«___»_________соли 20_                                               «__»_________соли 20_

 

Ҷ. М.                                                                                 Ҷ. М.

 

ПРОТОКОЛИ

мувофиќати нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ байни ___________________

____________________________________________________________________ номи субъекти хоҷагидори истеҳсолкунанда, раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА), раќам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ    

                                               

ва__________________________________________________________________

    номи субъекти хоҷагидори истеъмолкунанда, раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА), раќам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ                                                   

 

оид ба ҳамлу наќли (хизматрасонии)___________________________________

____________________________________________________________________

номгӯи маҳсулот (хизматрасонӣ)

 

№ т/р

Номгӯи

 маҳсулот (хизматрасонӣ), тамѓа, намуд ва ѓайра

Тавсифи мухтасари техникӣ

Ҳуҷҷатҳои техникӣ, аз ҷониби кӣ ва кай тасдиќ шудааст

Воҳиди ченак

Нархи (тарифи) озоди яклухт, сомонӣ, бо андозҳои амалкунанда

Иловапулии таъминотию фурӯшӣ

1

2

3

4

5

6

7

 

Эзоҳ: сутуни 7 дар мавриди харидани маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ тавассути ташкилотҳои таъминкунанда ва фурӯшанда пур карда мешавад.

                                                                                                                  Замимаи №3

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул

                                                                                        ва татбиќи нарху тарифҳои озод ба

                                                                                       маҳсулоти таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

 

ПРОТОКОЛИ №____

 

мувофиќати нархҳои озоди фурӯш ба молҳои ниёзи мардум,

ки фурӯхта мешаванд бо нархҳои озоди чакана байни

_______________________________________________________________

истеҳсолкунанда, раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА), раќам аз Феҳристи савдо ва хизматрасониии маишӣ                                               

 

ва________________________________________________________________________________________

     фурӯшанда, раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА), раќам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ                                               

 

оид ба ҳамлу наќли________________________________________________

                                                           номи гурӯҳи молҳо

 

 

№ т/р

Номгӯй

 ва тавсифи мухтасари мол

Артикул, тамѓа, намуд, навъ

Ҳаҷми

як миќдори мол

Нархи

озоди фурӯш ба воҳиди маҳсулот бо андозҳои амалкунанда

Иловапулии таъминотӣ ва фурӯшии миёнарав

Иловапулии яклухти ташкилотҳои савдои яклухт

1

2

3

4

5

6

7

 

Истеҳсолкунанда (таҳвилкунанда)                                      Фурӯшанда

 

Ҷ.М.       Имзо                                                                     Ҷ. М.       Имзо

         сана                                                                                       сана                                                                           

 

 Эзоҳ: сутунҳои 6 ва 7 дар мавриди хариди маводи мавриди ниёзи мардум тавассути миёнаравҳо ё ташкилотҳои савдои яклухт пур карда мешаванд.  

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *