АНТИМОНОПОЛЬНАЯ СЛУЖБА ПРИ
ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Эффективный контроль обеспечения качества, безопасность товара,
работы и услуги являются ключевым фактором устойчивого развития
экономики страны и усиление уровня социальной защиты населения
 

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21 декабри соли 2021 кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро бо дарки баланди масъулият тамошо карданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ин бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар эълон намудани солҳои 2022-2026, “Солҳои руши саноат” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ Сарвари давлат натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда баён намуданд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.