Имрӯз дар Хадамоти зиддиинҳиории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи Президент бо иштироки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ ифтитоҳ намуда ҳозиринро бо ин ҷашни барои мардуми Тоҷикистон тақдирсоз табрику таҳният намуд.
Мутахассиси пешбари Хадамот Исмоилзода Равшан баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд.
Ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик 16-уми ноябрро ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо як шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуда, онро бо як самимияти хосае ҷашн мегиранд. Ањамияти дигари ин санаи таърихї дар он аст, ки дар ин рўз ду ид љашн гирифта мешавад, рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз эътироф намудаанд, ба кадом хотир? Таърих инъикоскунанда ва бозгӯи воқеияти гузашта маҳсуб меёбад.
Мо аз таърихи халқи тоҷик ҳама бо хуби огаҳ аз ҳодисоти солҳои 90-уми қарни гузашта мебошем. Пас аз барҳам хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид. Аз ин неъмати бебаҳо мардум самаранок истифода набурда, онро қариб ба нестӣ баранд. Бо омилҳои дохиливу беруна, бадхоҳони миллати тоҷик, ки онро дидан намехостанд, дар охир бамақсадҳои нопоки худ расиданд, ки онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуқуъ оварданд.
Дар кишвар мардум гуруҳ-гуруҳ муқобили якдигар бархостанд, дар шаҳри сабз дигар аз кору зиндагӣ сухан гуфтан багумон буд, мардум макони аҷдодиву падарии хешро тарк намуда, рӯ ба фирор ниҳоданд, дар гӯши мардум ҷуғзҳо гӯё садо медоданд, дар дили мардум ноумедиҳо хона карда буд, ба ҷои аллаи гӯшнавози модарон тиру туфанг садо медод. Ин шодии хоинони миллат хушбахтона дер давом карда натавонист.
Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид зеро, ки пойтахти мамлакат ба гирдобҳои хунин мубаддал гардида, ба ҷони шахсони мансабдор имкони ҳар лаҳза сӯиқасд вуҷуд дошт, аз ин хотир иҷлосия дар шаҳри мазкур, ки каме амнтар буд доир гардид. Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик шахси сарсупурдаи миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардид. Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.
Аз рӯзҳои нахустин фаъолияти кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳ, аз миллат сухан ронда, баҳри амалӣ гардидани сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар намуда, дар охир ин ниятҳои нек, хушбахтона ҷомаи амал пӯшид. Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирон вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид карда шуд ва ҳамчун ид дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил карда мешавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддуновар, дорои таърихи бузург ва фарҳанг мешиносанд, қадр ва ҷойгоҳи намоёнро бо ташабускориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол намудааст.
Баҳри мо сокинои аз тарафи давлату ҳукумат, бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту шароитҳои мусоид баҳри зиндагии шоиста муҳайё карда шудааст. Мо хизматчиёни давлатӣ ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаҳои хизматии вогузоргардидаро дар сатҳи баланд иҷро менамоем, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ ва баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

Инчунин муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Наботов Шукрулло вобаста ба ин ҷашни муҳим баромад намуда, аз номи раёсати Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур кормандонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо осмони соф, тинҷиву амонӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо таманно намуд.