ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Дар асоси Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011, ҳамасола 15-уми март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад.  

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи баланд бо баргузории як қатор               чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад.

Санаи 14 марти соли ҷорӣ бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи химояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд, бо ҷалби доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши  хусусӣ, бахусус ширкатҳое, ки дар бозори мол, кор ва хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон мавқеи махсус доранд, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин Буҳор оид ба таърихи пайдоиши чорабинӣ дар тақвими ҷашнҳои байналмилалӣ ва моҳияти он дар тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон сухан намуда, баъдан дар бораи фаъолияти Хадамот ҳамчун мақомоти ваколатдор, ки назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд, гузориши видеоӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.      

Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ваколатдор мебошанд, дар бораи тадбирҳои андешидашудаи худ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баромад намуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи тантанавӣ муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин Буҳор қайд намуд, ки  аз баромаду гузоришҳои намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бармеояд, ки мақомоти марбута дар доираи салоҳияти худ корҳои назаррасро амалӣ намуда истодаанд. Новобаста аз ин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати мол, кор ва хизматрасониҳо ба ахолӣ, яъне истеъмолкунандагон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин раванд, тақвият ва густариши ҳамкориҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мувофиқи мақсад мебошад.

Дар ин росто, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои хусусӣ, ассотсиатсияҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ барои такмил ва рушди соҳа ва ба ин васила боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон  омода мебошад.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.