Санаи 16 феврали соли 2022 вохӯрии сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Рика Ишии баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи танзими энергетикаи барқӣ дар Тоҷикистон ва рушди рақобат, инчунин омӯзиши таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самтҳои мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими масъалаҳои таъмини рақобат ва рушди он, инчунин тақвият бахшидани танзимкунии энергетика иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд.

By ams.tj

Leave a Reply