Санаи 5 октябри соли 2021 вохӯрии муовини якуми сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ бо Раиси Агентии ҳимоя ва рушди рақобати Ҷумҳурии Қазоқистон Жумангарин Серик Макашевич баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ табодули таҷрибаи муштарак дар самти ҳимоя ва рушди рақобат ва масъалаҳо вобаста ба танзими давлатӣ дар фаъолияти корӣ баррасӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самтҳои болозикр, омода ва мувофиқа расонидани созишномаи марбутаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
