Санаи 30 сентябри соли 2021 ҳайати Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири энергетика ва захирҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобахш Шарифа Орусбек ва муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ бо муовини якуми раиси идоракунии Ҷамъияти саҳомии “Узбекнефтегаз” Алиризоев Шаҳзод Шуҳратович мулоқот баргузор намуданд.

        Зимни мулоқот масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти харидорӣ гардидани маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории бензин, дизел ва гази моеъ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва воридоти онҳо ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

        Тибқи иттиллои ҷамъияти мазкур айни замон ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои мустақим дар самти харидории гази моеъ бо онҳо ҳамкорӣ намуда истодаанд ва омодаанд, ки дар ин бахш фаъолияти худро бо ҳам ривоҷ бахшанд. 

         Инчунин рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ бо Раиси идоракунии Ҷамъияти саҳомии “Узтрансгаз” Норматов Беҳзод Раҳматуллаевич, ва дигар намояндагони ҷамъият мулоқот анҷом дода шуд.

        Дар мулоқот атрофи масъалаҳои тақвияти корҳо ва афзоиши содироти гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

      Дар маҷмӯъ тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самтҳои болозикр, афзоиш додани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сузишвории бензин, дизел, гази моеъ ва табиӣ ба мувофиқа расиданд.

By ams.tj

Leave a Reply