ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРИИ НАЗДИ
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати босамари таъмини сифат, бехатарии мол, кор ва
хизматрасониҳо омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти
мамлакат ва тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии “короновирус” дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба ташвиш овардааст, асоси воқеъӣ надошта, танҳо овозаҳои бардурӯғ ва беасос мебошанд.

Баргузории нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Санаи 14 июли соли 2021 дар бинои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва намояндагони васитаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамот Қурбонзода Сафаралӣ вобаста ба фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2021, инчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолият иинҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ маълумот доданд.

Ҳамзамон, дар раванди нишасти матбуотӣ рузноманигорон ба саволҳои худ дар хусуси болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, сӯзишвории нафтӣ, доруворӣ, танзими маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар арафаи иди Қурбон ва дигар саволҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар нишасти матбуотии Хадамот намояндагон ва рузноманигорон аз Шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Озодагон”, “Фараж”, “Азия Плюс” радиои “Озодӣ”, “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе” “Имрӯз” ва дигар ҳафтаномаҳо иштирок доштанд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

Вы должны быть авторизованы, чтобы разместить комментарий.