Санаи 9 июли соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар семоҳаи дуюми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2021 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Фирдавс-муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуданд. Дар оғози суханронии роҳбарияти Хадамот қайд гардид, ки дар семоҳаи дуюми соли 2021 Хадамоти зиддиинҳисории

баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2020 зикр гардидаанд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар самти танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Сипас ҳисоботҳои сардорони раёсатҳои сохторҳои маҳаллӣ ва Дастгоҳи марказии Хадамот шунида шуда, аз чониби Роҳбарият баҳои қаноатбахш гирифтанд ва ҳамзамон дар раванди ҷаласа қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2021 қабул карда шуд.

By ams.tj

Leave a Reply