Лозим ба ёддоварист, ки дар асоси сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти зиддиинҳисорӣ сохтмони се адад майдончаи варзиширо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт ба уҳда гирифта бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта ба истифода дода буд.

Ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани майдончаҳои мазкур пайваста аз ҷониби Роҳбарияти Хадамот чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешавад. Ин аст, ки санаи 29 майи соли ҷорӣ Роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот корҳои ободониро ба таври дастаҷамъона дар майдончаҳои варзишии мазкур,ба роҳ монданд. Ҷиҳати сабзу хуррам нигоҳ доштани атрофи майдончаҳо дар замини атрофи онҳо дарахтони сояафкани ороишӣ шинонида шуда, атрофи он аз гиёххои бегона тоза ва обпош шуданд.

Ҳамзамон қисмҳои асбобҳои варзишие, ки корношоям гардида буданд иваз карда шуда, ҷиҳати истифодаи дурусти он ба мардуми маҳаллаҳои майдончаҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Роҳбарияти ва кормандони Хадамот дар оянда низ, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ба роҳ монда, кушиш менамоянд, ки дар амалигардонии сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд. 

By ams.tj

Leave a Reply