Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини Сардори Хадамот Ширин Солеҳзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид.
Дар оғоз намуда, Раисикунандаи ҷаласа муовини сардори Хадамот бо ёддоварӣ аз ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти пешгирӣ ва маҳдудкунии омилҳои коррупсионӣ суханро ба Маҷидӣ Абдулкарим-Сарнозири Сарраёсати муқовимат бо карупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд.
Намояндаи Агентӣ Маҷидӣ Абдулкарим қайд намуданд, ки масъалаи пешгирии коррупсия яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рфта, татбиқи амалии талаботи меъёрҳои моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» яке аз самтҳои асосии пешгирии амалҳои коррупсионӣ дониста мешавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки шахс дар мавридҳое, ки агар барои содир намудани ҷиноятҳои аз беэҳтиёти содиркарда доғи судӣ дошта бошад, барои ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, агар ҳолномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал этироф намудани шахс этибори қонунӣ пайдо карда бошад, наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад.
Сипас, сухан ба нозири калони ҳамин Сарраёсат-Носирӣ Алишер дода шуд. Номбурда қайд карданд, ки риояи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро дар фаъолияти ташкилотҳои худ мавриди санҷиши расмӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо роҳандозӣ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони бевосита дар итооат, таҳти назорат ё ҳисобдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи онҳо ба мансабҳое, ки онро хешовандон ишғол кардаанд, кору фаъолият надоранд.
Вобаста ба доғи судӣ доштан ё надоштани кормандон ба сардори Сармаркази иттилоотӣ таҳлилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дархостӣ аз 21 апрели соли 2021, №01-08/502 ирсол гардида, мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Сармаркази иттилоотӣ таҳлилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз доғӣ судӣ надорад.
Тавсия дода шуд, ки минбаъд низ пеш аз қабул намудан ба мансаби хизмати давлатӣ ҳуҷатҳои довталабон аз санҷиши сохторҳои марбута гузаронида шавад.
Дар интиҳо роҳбарияти Хадамот миннатдории худ ва кормандонро барои ҳамкориҳои судманд ва баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.