Санаи 21 майи соли 2021 дар бинои Дастгоҳи марказии хадамот ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.
Дар ибтидо Муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ суҳанрони намуда, қайд карданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки он ҳар сол дар саросари кишвар бошукӯҳ таҷлил меёбад. Ба ин хотир, ба фарорасии ин рӯзи саид шумо ва дар симои шумо тамоми ҷавонони ноҳияро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик менамоям!
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Ин аст, ки имрӯзҳо қисми зиёди кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони ҷавон ташкил менамояд. Лозим ба ёддоварист, ки кормандони ҷавони Хадамот бо ҳисси баланди ватандустӣ ва иродаи қавии худшиносии миллӣ бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти манфиантҳои умумии ҷомеъа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар алласхусус амалигардонии сиёсати зиддиинҳисории мамлакат саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, ҷавонони Хадамот дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат саҳмгузор буда, супоришҳои аз ҷониби роҳбарияти Хадамот додашударо дар самти ободонӣ сари вақт иҷро менамоянд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли сипаригардида ҷавонони Хадамот дар мусобиқаҳои гунонгуни варзиши ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишѓол намудан.
Лозим ба ёддоварист, ки дар ҷаласаи тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид кормандони ҷавони Хадамот суханрони намуда қайд карданд, ки минбаъд низ ҷиҳати сазовор шудан ба боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд.