Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2021, №21306 (22.2) оид ба дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди назар намудани тарифи нерӯи барқ ва бо ин мақсад дар асоси Фармоиши Хадамоти зиддиинхисорӣ таҳти №18 аз 29 апрели соли 2021 санаи 4 майи соли равон дар назди Хадамот аз ҳисоби кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор Гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ҷаласаи Гуруҳи корӣ дар толори бинои Дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру хулосаҳои худро ба Гуруҳи корӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи имрӯза Гуруҳи корӣ ба хулосае омаданд, ки бинобар сабаби пеш омадани зарурат ба дастрасии маълумотҳо аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” минбаъд гузаронидани ҷаласаи мазкур дар худи толори маҷлисгоҳи ширкат гузаронида шавад.

Аз рафти баргузории ҷаласа дар сомонаи Хадамот иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

By ams.tj

Leave a Reply