Санаи 23-апрели соли равон Ҷаласаи 52-уми байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ бо иштироки роҳбарону масъулони мақомоти давлатии зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ тариқи видеоконфронс доир гардид. Дар кори ҷаласа оид ба ҳолат ва роҳҳои рушди рақобатнокӣ дар бозори молӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити маълуми Пандемияи Ковид-19, идоракуниву танзими солими муносибатҳои бозорӣ, мубодилаи таҷрибаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ошкорсозии созишҳои зиддирақобатӣ дар шароити мураккабшавии вазъи бозор ва зимни хариди давлатӣ, оид ба таҷрибаи амалии қатъкунӣ ва пешгирии рақобати бевиҷдонона зимни фуруши мол бо истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ, оид ба коркарду таҳияи мавқеи мувофиқшудаи мақомоти зиддиинҳисории кишварҳои узви ИДМ оид ба сиёсати рақобати байналмиллалӣ ва муаррифии он дар миқёси байналмиллалӣ, оид ба фаъолияти Ситод дар самти таҳқиқоти якҷоя оиди қонунвайронкунии соҳаи зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчӣ, дар бораи таҳияи гузориш оиди рушди усулҳои нави пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, хариду фуруши мол дар шароити рушди тиҷорати электронӣ – интернетӣ, оид ба маниторинги тағйирёбии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар ҳар як кишварҳои узв ва роҳҳои муассири идоракунии бӯҳронҳои эҳтимолӣ табодули назар анҷом дода шуд. Қайд гардид, ки дар шароити маълум ҳифз, рушд ва ҳимояи рақобат асоси равнақи иқтисодиёт ва омили асосии пешгирӣ аз рукуди иқтисодиёт буда, ин принсип то ҳануз моҳияти худро гум накардааст.
Фаъолияти Шӯрои зикргашта ба табодули донишу таҷриба дар самти такмили қонунгузории соҳаи зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ, (қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ дар соҳаи ҳимояи рақобат), дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дар соҳаи инҳисорооти таббиӣ, дар соҳаи релама, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ ва татбиқи он дар миқёси кишварҳои узви ИДМ, таҳияву пешниҳоди модели рушди иқтисодӣ ва мушкилоти онҳо дар соҳаи сиёсати рақобатнокӣ равона гардидааст.