Саволу ҷавоб
Задать вопрос

Соҳаҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ ва шумораи субъектҳои хоҷагидор дар Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ? Акрамов Н. 10.12.2015 09:44
Раёсати танзими монополияхои табиӣ 11.12.2015 09:44

Ҷавоб:

Мутобиқи моддаи 5 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» соҳаҳои зерин ба субъектҳои монополияҳои табиӣ мансубият доранд:

-хизматрасонӣ дар мавриди ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ;

-хизматрасонӣ дар мавриди харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва (ё) тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузаронӣ ба онҳо вобаста;

-хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерўи барқ ва (ё) гармӣ;

-хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан;

-хизматрасонии терминалҳои нақлиёт, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

-хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

-хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия;

-хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани танзими давлатӣ ва назорат субъектҳои монополияҳои табиӣ ба Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ, ки аз бахшҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ иборат мебошанд, бо нишондоди намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандае, ки дар доираи танзими қонуни мазкур қарор доранд, ворид мегарданд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хадамот баъди таҳлилу омўзишҳо ба Феҳристи давлатии субъектҳои монополияҳои табиии дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 37 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 4 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии  фурудгоҳӣ, 1 корхонае, ки ба хизматрасонии аэронавигатсионӣ,  15 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии дар мавриди харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда, 2 ширкате, ки ба хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерўи барқ ва (ё) гармӣ, 4 корхонае, ки ба хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия, 3 корхонае, ки ба хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ, 1 корхонае, ба хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, 3 ҷамъияте, ки ба хизматрасонии терминали нақлиётӣ, 1 муассисае, ки ба хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва тақсими гармӣ ва 2 корхонае, ки ба  хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ машғуланд, дохил карда шуданд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Савол: Субъекти хоҷагидоре, ки дар натиҷаи қарори қабулнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарар дидааст, нисбати он чӣ чораҳои зарурӣ пешбини гардидааст. (Бо эҳтиром, Салимшо) Салимшо 08.12.2015 09:26
Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат 10.12.2015 09:26

ҷавоб: Мувофиқи талаботи моддаи 22 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» агар санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, бо вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ қабул шуда бошад ё мақомотҳои мазкур ўҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё номатлуб иҷро кунанд ва агар аз ин амал ба субъекти хоҷагидор ё дигар шахс зарар расида бошад, товони он мувофиқи қонунгузории гражданӣ рўёнда мешавад.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Озмунҳои хариди давлатии мол чӣ гуна танзим карда мешаванд? Оё Хадамоти зиддиинҳисорӣ озмунҳои хариди давлатии молро месанҷад? Administrator 09.10.2015 16:37
Administrator 09.04.2015 19:37

Дар давоми соли 2014 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ озмунҳои хариди давлатии мол дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ  санҷида нашудаанд.         Ҳолати вайронкунии қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун, аз ҷумла тибқи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиронии  фармоишҳо  ҷиҳати  молрасонӣ,  иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ муқаррар карда  шудааст.  Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи салоҳияти худ ҳангоми гузаронидани озмунҳои мазкур ҳолати таъмини рақобатро арзёбӣ менамояд.  Муносибатҳое, ки байни ташкилкунандаҳои озмун ва иштирокчиёни он дар рафти гузаронидани озмун барои ҷойгиронии  фармоишҳо  ҷиҳати  молрасонӣ,  иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба вуҷуд меоянд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» танзим карда мешаванд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
_____Барои мутолиа ба савол клик кунед:______ ____________________________________________ Дар соли 2014 мақомоти зиддиинҳисорӣ чанд аризаи даъвогӣ ба суд бурдааст? Мақомоти судӣ чанд даъвои Шуморо қонеъ кард? Абдулло 02.04.2014 17:45
Раёсати ҳимоя ва рушди ракобат 19.06.2014 16:45

Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли гузаштаду парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ нисбат ба ҶСП «ТТ Мобайл» ва ҶДММ “Таком” ба мақомоти судӣ манзур намуд. Аз рӯи моҳияти баррасӣ парванда баргардонида шуд, ки дар натиҷаи баррасӣ дар Хадамот зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқарраргардида нисбати онҳо ҷазои ҷарима татбиқ карда шуд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Ҳолатҳои аз чониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махдуд кардани хукукҳои сохибкорон ошкор шудааст ё не? Аз ҷониби субъектони хоҷагидор нисбати амали мансабдорон ягон шикоят ба Шумо оварда шудааст? Administrator 09.04.2015 19:39
Administrator 09.04.2015 19:39

Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор аз болои амали ё беамалии мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба маҳдудияти рақобат ва халалдор намудани манфиатҳои онҳо шикоят ворид нагардидааст.Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Чаро нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар Точикистон гарон аст? Аз руи маълумоти сомонаи http://www.momondo.ru нархи билети Ош- Маскав 164 доллар, Дубай- Маскав 319 доллар, Деҳлӣ-Маскав 422 доллар, вале нархи билети Душанбе-Маскав 580 доллар мебошад. Сабаб дар чист? Барои чи чунин фаркият, хол он, ки вакти парвоз аз Деҳлӣ ва Дубай то Маскав нисбат Душанбе то Маскав 1 ва 2 соат зиёдтар аст. Нисбати ширкатхои хавопаймое, ки нархи чиптахоро баланд кардаанд, санчиш гузаронида шудааст? Administrator 09.04.2015 19:40
Administrator 09.04.2015 19:40

Бо мақсади танзим ва назорати давлатӣ субъекти монополияи табиӣ – ҶСК «Тоҷик Эйр» (аз рӯи хизматрасонӣ дар самтҳои маҳаллӣ) ба феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ дохил карда шудааст ва дар ин замина,  тарифҳои мусофиркашониро дар самтҳои маҳаллӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа мерасонад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» танҳо хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ ба соҳаи фаъолияти монополияҳои табиӣ мансубият дорад.Ширкатҳои ҳавопаймои ватанӣ, ки айни замон дар бозори хизматрасонии мусофиркашонӣ дар самтҳои байналмиллалӣ фаъолият менамоянд, мавқеи ҳукмфармоиро доро набуда, фаъолияташон таҳти танзими қонунгузории зиддиинҳисорӣ қарор намегирад.Аз ҳачми умумии мусофиркашонӣ ба ҳисоби миёна 53,8 фоиз ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва 46,2 фоиз ба ширкатҳои ватанӣ рост меояд.Мутобиқи талаботи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ танҳо  нарх (тариф) - ҳои хизматрасонии субъектҳои хоҷагидореро, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, ба мувофиқа мерасонад. Тибқи Созишнома миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба интиқоли алоқаи ҳавоӣ” дар бозори хизматрасонии мусофиркашонӣ ва интиқоли бор ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ба хатсайрҳои шаҳрҳои Федератсияи Россия зиёд аз 25 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла дар хатсайри Душанбе – Маскав асосан 3 ширкати ҳавопаймоӣ (ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶДММ «Сомон Эйр» ва Ширкати хавопаймоии “Ют Эйр”) хизмат мерасонанд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ Хадамоти зиддинҳисорӣ чӣ гуна санад мебарорад? Administrator 10.10.2014 09:44
Administrator 24.02.2015 12:44

Ҳангоми аз тарафи субъектҳои хоҷагидор  (роҳбарони  онҳо),  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  (шахсони  мансабдори  онҳо), шаҳрвандон,  аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ иҷро нагардидани талаботи Амрияи қабулнамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории  зиддиинҳисорӣ  мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» субъектҳои хоҷагидор  (роҳбарони  онҳо)  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  (шахсони  мансабдори  онҳо), шаҳрвандон,  аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ мувофиқи амрияи мақомоти давлатии  зиддиинҳисорӣ вазифадор мегарданд, ки вайронкориро қатъ  гардонида, дигар амалиётҳоеро, ки дар қарор ё амрия зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар сурати вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ Қарор ва Амрия қабул менамояд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Истифодаи худсаронаи аломатҳои мол ва ё номи фирмавии дигар субъекти ҳоҷагидор амали рақобати бевиҷдонона мебошад. Мақомоти зиддиинхисорӣ нисбати чунин соҳибкорон чӣ тадбирҳо андешида, ба кадом намуди ҷавобгарӣ онҳоро кашидааст? Administrator 10.07.2014 23:12
Administrator 12.11.2014 03:41

Соли 2014 аз ҷониби Хадамот дархости ширкати хусусии саҳҳомии ташкилоти истеҳсолии «Конти»-и Ҷумҳурии Украина оид ба рақобати бевиҷдонона нисбат ба истифодабарии тамғаи молии “Коровушка- Бурёнушка” ва “Коровушка- Коровушка” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Ҳангоми худсарона истифода бурдани аломатҳои мол, тибқи талаботи моддаи 545 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷораҷӯӣ карда мешавад. Дар соли 2014 бо мақсади бартараф намудани амалҳои рақобати бевиҷдонона Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис дод. Вазифаи  гуруҳи мазкур мукаммал намудани қонунгузорӣ дар ин самт мебошад.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ барои фиреб додани истеъмолкунандагон дар соли 2014 чанд парвандаи чиноӣ оғоз карда шудааст? Administrator 09.04.2015 19:42
Administrator 09.04.2015 19:42

Тибқи моддаи 627 Кодекси ҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 294 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ  аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо  сурат мегирад.Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар сурати  фиреби истеъмолкунандагон на парвандаҳои ҷиноӣ, балки тибқи қонунгузории ҷорӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии оғознамуда, дар доираи салоҳияти худ баррасӣ менамояд.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
Ҳолатҳои истифодаи нархи пасти инҳисории мол аз тарафи субъектҳои мавқеи ҳукмфармои дошта ошкор шудаанд ё не? Агар ҳа, дар кадом намуди мол ва хизматрасонӣ? Administrator 09.04.2015 19:41
Administrator 09.04.2015 19:41

Дар давоми фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар соли 2014 ҳолати истифодаи нархи пасти инҳисорӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори моли муайян доро мебошад, ошкор карда нашудааст.Истифодаи нархи пасти инҳисории мол ба ҳолати рақобатпазирии бозори моли таъсири манфӣ мерасонад, зеро  нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади оқилонаи он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар  мебошад. Амали истифодаи нархи пасти инҳисории мол яке аз шаклҳои рақобати бевиҷдонона мебошад.

Вам помогла эта информаци? Да Нет
<< Начало < Предыдущий 1 2 Далее > Конец >>
Сах 1 аз 2
powered by SM FAQ