Низомномаи мақомоти маҳаллиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Замима ба фармоиши

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 ноябри соли 2010 №56 тасдиқ шудааст

 

Муқаррароти умумӣ

  1. Мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Шуъбаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва шаҳри Душанбе, минбаъд мақомоти маҳаллии Хадамот) танзими давлатӣ ва назоратро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд.
  2. Фаъолияти мақомоти маҳаллии Хадамот аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат карда мешавад.
  3. Мақомоти маҳаллии Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои Маҷлиси вакилони халқии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

II.Ваколатҳои мақомотимаҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақомоти маҳаллии Хадамот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолияти ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд;

- назорати давлатиро оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, қонунҳо дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, монополияҳои табиӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавиро таъмин менамояд;

- таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини ҳимояи рақобат дар маҳалҳо, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, ки ба ташаккули рақобати солим мусоидат менамояд;

- оид ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии вобаста ба фаъолияти бозори мол, ҳимоя ва рушди рақобат, қонунҳо дар бораи монополияҳои табиӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд;

- андешидани чораҳо оид ба ғайри инҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- дар доираи салоҳиятҳои худ амалӣ намудани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор;

- муқаррар намудани мақоми субъектҳои хоҷагидори мавқеи ҳукумфармоӣ дошта  ва амали намудани талаботи пешбурди феҳристҳои  субъектҳои монополияҳои табиӣ ва мавқеи ҳукумфармоидошта;

- ба мувофиқа расонидани тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидор, ки дар маҳалҳо дар мувофиқа бо Хадамот ба амал бароварда мешаванд;

- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси омилҳои ҳимоя ва рушди рақобат, муҳайё намудани шароити муосидот барои рушди соҳибкорӣ;

- қабул намудани амрияҳо оид ба тағйир додан ва ё бекор намудани шартномаҳое, ки ба қонунгузории соҳаи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти  инҳисорӣ дар бозорҳои мол, монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ мухолифат мекунанд;

- андешидани чораҳои дахлдор нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар ҳудуди минтақаи дахлдор, дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисорӣ,

- дар ҳолати зарурӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти ваколатдори давлатӣ қарорҳои иҷроишашон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи танзим, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо қабул менамояд;

- дар доираи салоҳиятҳои худ нисбат ба қонунвайронкуниҳои зиддиинҳисорӣ оид ба пешгирии вайронкунӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он қарорҳои дахлдор қабул менамояд;

- тарифҳои молҳои (корҳои хизматрасонии) тибқи қонунгузорӣ танзимшавандаи субъектҳои хоҷагидор ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, ҳамчунин дар мавриди тағйир ёфтани хароҷоти молҳои (корҳои, хизматрасонии) чунин субъектҳои хоҷагидорро дар мувофибо Хадамот таҳия ва тасдиқ менамояд;

- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти нархгузорӣ, тартиб ва шартҳои аз нав нархгузории воситаҳои асосии субъектҳои хоҷагидори танзимшавандаро  тасдиқ менамояд;

- таъмини назорати давлатӣ вобаста ба сармоягузориҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ дар истеҳсоли (фурӯши) молҳое (корҳое, хизматрасоние),  ки нисбат ба онҳо танзим сурат намегирад;

- назорати давлатиро барои ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти монополияи табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасонӣ) мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ танзимшаванда истифода бурда мешавад ё намешавад, соҳиб мегардад, таъмин менамояд;

- назоратро ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидори танзимшаванда фурӯхтан, иҷора додан ва ё бастани аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъектҳои мазкур ҳуқуқи моликиятро нисбати амвол (кор хизматрасонӣ) пайдо мекунанд ё даст медиҳанд, таъмин менамояд;

- назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидори танзимшаванда дар маҳалҳо оид ба иҷрои шартҳои басташудаи онҳо бо истеъмолкунандагон дар бораи расонидани кору хизматрасонӣ;

- ба субъектҳои хоҷагидори танзимшаванда дар маҳалҳо доир ба қатъи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла оид ба бартараф намудани оқибатҳои он, оид ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод карда шавад), оиди ворид намудани тағйирот ба шартномаҳо амрияҳои иҷроишашон ҳатмӣ медиҳад;

- назорати хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, ки метавонанд боиси ҳукумфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол дар маҳалҳо гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;

- таъмини назорат давлатӣ аз рӯи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

- иштирок намудан дар савдоҳо ва музоидаҳо ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ дар қаламрави маҳалли дахлдор;

- назорати талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгир намудани фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- пешгирӣ ва қатъ намудани далелҳои рекламаи номуносиб, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ дода шудаанд.

5. Бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои дар ҳамин Низомнома зикргардида мақомот вазифадор аст:

- аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти мақомоти маҳаллӣ дахлдошта ва оид ба фаъолияти мақомоти маҳаллии Хадамот ҳар семоҳа маълумоти зарурӣ ва ҳисоботро ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- супоришу дастурҳои мақомоти болоӣ, арзу дархостҳои вазорату идораҳои ҷумҳурявию маҳаллӣ ва қабули шаҳрвандонро тибқи талаботи муайяншуда ба роҳ монда пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шахсони ҳуқукӣ ва воқеиро ба роҳ монад, қабули қарор оид ба онҳо ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ирсол намудани ҷавобҳо ба аризадиҳандагонро ба роҳ монад;

- дар доираи салоҳияти худ маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ ва ё тиҷоратӣ мебошанд ҳифз намояд;

- омодагии касбии кормандони мақомоти маҳаллии Хадамот, такмили ихтисос, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳоро дар масъалаҳои марбут ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ ташкил намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти маҳаллии Хадамот ворид мешавад ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифода намояд;

- дигар вазифаҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии чумҳурии Тоҷикистон бар меоянд, иҷро менамояд.

6. Мақомоти маҳалиии Хадамот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- аз ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолияташон маълумотҳоро, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти мақомот қарордошта заруранд, дархост намуда гирад;

- дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ, ки тибқи ҳамин Низомнома муайян карда шудааст, оид ба баррасии масъалаҳо дар соҳаи ҳамкориҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ ҳамчун мақоми ваколатдор дар қаламрави минтақаи дахлдор баромад намояд;

- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки функсияҳои назоратӣ ва санҷишро дар бозорҳои мол иҷро мекунанд, ҷиҳати мутобиқгардонидани санадҳои онҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- бо мақсади ҳимоя ҳуқуқи истеъмолкунандагон, барҳам додани рақобати бевиҷдонона танзими фаъолияти монополияҳои табиӣ ва назорати фаъолияти рекламавӣ дар ҳудуди маҳал ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайри давлатиро таъмин намояд;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба бастани ҷарима нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва ё деҳот ва шахсони мансабдори онҳо қарорҳои дахлдор қабул менамояд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят оид ба масъалаҳои такмили ба танзимдарории фаъолияти зиддиинҳисорӣ, монополияҳои табиӣ, дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама пешниҳодот манзур менамояд;

- вобаста ба масъалаҳои ҳимоя ва рушди рақобат танзими монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ дар доираи салоҳиятҳои худ қарорҳое қабул менамояд, ки иҷрои онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ субъектҳои хоҷагидор ва дигар ташкилотҳое, ки дар қаламрави маҳалли дахлдор воқеъ мебошанд, ҳатмӣ мебошанд;

- дар робита бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва мувофиқарасонии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳимояи рушди рақобат, танзими фаъолият субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ иштирок намояд;

- дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият олимон, мутахассисони соҳавӣ, ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ ва тадқиқотиро ба кор ҷалб намояд;

- дар доираи фаъолият дар ҳудуди вилоят мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ аз ҷумла мақомоти байниидоравиро таъсис диҳад;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, шахсони мансабдори онҳо инчунин нисбати субъектҳои хоҷагидор амрияҳое ирсол намояд, ки иҷроиши онҳо ҳатмӣ мебошад.

III. Ташкили фаъолият

7. Ба мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори Раиси вилоят (шаҳри Душанбе) бо розигии хаттии Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони мақомоти маҳаллӣ мувофиқи сохтори тасдиқшудаи ҳайати шахсӣ ва ҷадвали (шаҳр) муайян карда мешавад.

9. Сардори Раёсат дорои муовин мебошад, ки он бо пешниҳоди Сардори Раёсат аз ҷониби Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Сардори мақомоти маҳаллии Хадамот дар маҳалҳо барои иҷрои вазифаҳо ва корҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

11. Сардор:

- манфиатҳои мақомотро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти онро амалӣ месозад;

- кормандони мақомоти маҳаллии Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъмин ва аз вазифа озод менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Низомнома муайян намудааст;

- ҷиҳати  аз тарафи мақомот риоя шудани муҳлати иҷрои супоришҳои мақомоти  ҳокимияти давлатии ваколатдор ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорат бурда, тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- дар доираи салоҳиятҳои худ, ки аз ҳамин Низомнома бармеоянд қарор, амрияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои  ба фаъолияти мақомоти маҳаллии Хадамот дахлдоштаро  имзо менамояд;

- уҳдадориҳои мансабии мақомотро тасдиқ намуда, вазифаҳоро байни кормандони мақомоти маҳаллии Хадамот тақсим мекунад;

- аз тарафи кормандони мақомоти маҳаллии Хадамот саривақт, босифат ва самаранок иҷро шудани супоришҳоро назорат бурда,  нисбати онҳо татбиқ намудани чораҳои ҳавасмандкунӣ ва танбеҳро пешбинӣ менамояд;

- ба сифати маводҳои тайёргардида дар мақомоти маҳаллии Хадамот баҳогузорӣ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ иҷрои онҳоро таъмин менамояд;

- дигар ваколатҳоро, ки тибқи қоунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, амалӣ менамояд.

12. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисоби ягонаи хазинадории минтақавии сохтори молиявии мақомоти иҷроияи  маҳаллии хокимияти давлатӣ маблағгузорӣ мегардад.

13. Мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, муҳри дахлдор, штампҳо ва бланкҳо мебошад.