Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

Эмомалӣ Раҳмон - пешвои пазируфтаи халқ

“Дар таърихи давлату халқи тоҷик 9 декабри соли равон воқеаи фаромўшнопазир ба амал омад: вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро қабул карданд.

Аз ин пас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқ ўро кайҳо раҳнамою пешвои хирадманди худ медонад, аз лиҳози қонунӣ низ чун Пешвои миллат эътироф карда мешавад. Ин навиди некро кулли мардуми ҷумҳурӣ бо эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ пазируфт”. Бо ҳамин суханҳо Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ қодирзода 14 декабр ҷаласаи кормандони Хадамотро бахшида ба қабули қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ифтитоҳ кард.

Дар идомаи сухан қодирзода зикр намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҒибу ситоиш эҳтиёҷ надорад. Фикру андешаи ў, каломи хирадмандонааш кайҳо ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст.

Аз ин хотир, қонуни қабулшуда ин арҷшиносӣ, эҳтироми бузург ва арзи сипоси халқи тоҷик ба Сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон аст, қайд кард С.Қодирзода.

Ба ҳамин оҳанг Абдусамади Саидмуродзода, муовини сардори Хадамот, Ҳабиб Абдуллоев, Раҳмоналӣ  Абдуллоев, кормандони Дастгоҳи марказӣ баромад карданд, ки  Президенти кишвар ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои тақдирсоз масъулияти бузургро  ба дўш гирифта,  Тоҷикистон ва мардуми онро аз вартаи  нестшавӣ наҷот дода,онро ба шукуфоии имруза расонд ва аз ин ру, ўро Пешвои миллат гуфтан месазад.