Зарурати тақвияти рақобат дар бозори доруворӣ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бештар аз 40 масъала муҳокима ва як қатор аснод ба имзо расонда шуд.


Ҷонибҳо ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳама кишварҳои ИДМ ёрии тиббӣ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд бепул бошад.  Масъалаи нархи доруворӣ, ҳолати рақобат дар бозорҳои дорувории давлатҳои иштирокчии ИДМ арзёбӣ шуд. Дар дорухонаҳои Иттиҳод нархи доруворӣ назар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ё БРИКС хеле гарон аст. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ тақвияти рақобат дар бозорҳои доруворӣ дониста шуд. Иштирокчиёни ҷаласаи Шуро зарурати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва рушди саводнокии молиявиро дар давлатҳои иштирокчии ИДМ таъкид карданд.